Гирифтани пора аз ҷониби шахси мансабдор

Нисбати нозири  калони Шуъбаи корҳои ислоҳии шаҳри Душанбе ва сардори ҳамин Шуъба парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Дафтари матбуотии Агентии назорати давлатии моливӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Точикистон аз дастгир намудани ду шахси мансабдор бо ҷурми пора иттилоъ додааст.

Се мансабдор барои ҳамкорӣ бо “нашъаҷаллобон” боздошт шудаанд

Манбаъ афзудааст, ки шаҳрванд “А” санаи 25 майи соли 2019 ба Агентии мубориза бо коррупсия бо ариза муроҷиат намуд, ки нозири калони Шуъбаи корҳои ислоҳии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурии Раёсати нозироти корҳои ислоҳии СРИҶҶ ВА Тоҷикистон Қараев Маъруф Раҳимович бо маслиҳати пешакӣ бо сардори ҳамин Шуъба Қурбонов Бозорбой Гулмуродович барои нисбати ӯ тартиб надодани маводи санҷишӣ ва минбъд ба суд пешниҳод накардани он вобаста ба вайрон кардани қоидаи бақайдгирии шахсони мувофиқи ҳукми суд ба корҳои ислоҳӣ маҳкумшуда, аз хешовандаш шаҳрванд “Б” маблағи 5000 сомонӣ талаб намуд.

Худи ҳамон рӯз, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ Қурбонов Б.Г. ва Қараев М.Р. баъди аз шаҳрванд “А” гирифтани пора ба маблағи 4000 сомонӣ дастгир карда шуда, маблаги 4000 сомонӣ ҳамчун далели шайъи аз онҳо ёфта гирифта шуд.

Нисбати Қурбонов Б.Г. ва Қараев М.Р бо моддаи 319 қисми 3 КҶ Ҷумурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакии он идома дорад.