ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Роҳбарони Хадамоти алоқаи Тоҷикистон15 июл соати 11:00 дар толори Маркази матбуоти ҷумҳуриявии АМИТ “Ховар” нишасти матбуотӣ меороянд.
Роҳбарияти Вазорати кишоварзӣ ва Академияи илмҳои кишоварзӣ соати 14:00 дар маҷлисгоҳи Вазорати мазкур ба саволҳои рӯзноманигорон посух медиҳанд.
Вазорати энергетика ва захираҳои об соати 16:00 дар толори Маркази матбуоти ҷумҳуриявии АМИТ “Ховар” нишастро доир мекунад.
Бар асоси нақшаи тасдиқкардаи Дастгоҳи иҷроияи раисиҷумҳури Тоҷикистон, аз 15 июл то 2 август вазирон ва раисони дигари идораҳои давлатӣ аз ҷамъбасти нимсолаи аввали соли равон ба рӯзноманигорон гузориш медиҳанд.
“Зимни нишастҳои матбуотие, ки ҳар рӯзи корӣ аз ҷониби якчанд вазорату идораҳо баргузор мешаванд, намояндагони воситаҳои ахбори омма имконият доранд ба саволу пурсишҳояшон ҷавоб гиранд”, - хабар додааст