ДУШАНБЕ, 11 июл — Sputnik. Имрӯз, 11 июл таҳти раёсати раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев иҷлосияи бистуми Маҷлиси миллӣ, даъвати панҷум баргузор шудааст. Дар ин бора сухангӯи раиси Маҷлиси миллӣ Наврӯз Қурбонзода ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод.
Бино бар иттилои манбаъ, дар иҷлосия вакилон 20 масъалаи вижаро баррасӣ кардаанд. Аъзои маҷлис се қонун ва лоиҳаҳои тағйиру иловаҳоро ба як зумра кодексу қонунҳои ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ кардаанд.
"Аъзои Маҷлиси миллӣ 3 қонуни мукаммал: қонунҳои ҶТ "Дар бораи таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов", "Дар бораи таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда", "Дар бораи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҶТ" ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ба як зумра кодексу қонунҳои ҶТ аз қабили қонунҳои конститутсионии ҶТ "Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни конститутсионии ҶТ "Дар бораи интихоботи Президенти ҶТ", "Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон","Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ", "Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ"-ро, ки баъд аз қабули Маҷлиси намояндагон ба Маҷлиси миллӣ пешниҳод гардидаанд, ҷонибдорӣ намуданд", - гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.
Убайдуллоев ҷаласаи нави палатаи болоии парлумонро даъват кард
Афзун бар ин, дар иҷлосия лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар хусуси ба категорияи шаҳрак мансуб донистани деҳаи Ховалинг-маркази маъмурии ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон" барои муҳокима пешниҳод гардида, аз тарафи аъзои Маҷлиси миллӣ ҷонибдорӣ карда шуд.
Наврӯз Қурбонзода меафзояд, аъзои Маҷлиси миллӣ тибқи пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қарорҳои дахлдори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи бозхонд намудани судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Асрор Нор ва интихоб намудани судяҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Асрор Нор ва Ҷамшедзода Ҷамшед Назаршо қабул намуданд.
"Судяҳои навинтихобшуда тибқи моддаи 89 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 10 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон", ки бори аввал ба вазифаи судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд, дар иҷлосия савганд ёд карданд", - менависад котиботи раиси Маҷлиси миллӣ.
Гуфта мешавад, Маҳмадсаид Убайдуллоев "бо боварӣ изҳор дошт, ки судяҳои навинтихобшуда боварии Сарвари давлат ва аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дарки масъулият ба худ қабул карда, баҳри таъмини адолати судӣ тамоми он муқаррароте, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муқаррар намудаанд, дуруст, холисона ва одилона татбиқ менамоянд".
Убайдуллоев аз судяҳо даъват ба амал овардааст, ки дар амри иҷрои якхелаи қонунҳо зимни ба амал баровардани адолати судӣ қабл аз ҳама волоияти меъёрҳои Конститутсияро, ки чун ҳамеша имрӯз ҷомеа ба он ниёз дорад, сармашқи кори худ қарор диҳанд.