ДУШАНБЕ, 11 июл — Sputnik. Тибқи эълони мақомоти Хатлон, ки имрӯз нашр гардид, довталабон метавонанд барои ишғоли мақоми мудири шуъбаи ташкилии дастгоҳи раиси вилоят, мудири шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят ва ёрдамчии раиси вилояти Хатлон талош кунанд.
Мақоми мутахассиси пешбари шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раис, мутахассиси шуъбаи иқтисод, молия ва ояндабинии дастгоҳ, сармутахассиси шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, сармутахассиси шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон низ феълан холӣ мебошанд. Инчунин довталабони мақоми мутахассиси шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, мутахассиси шуъбаи рушди сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб метавонанд давоми 21 рӯз баъди нашри ин эълон метавонанд ҳуҷҷатҳоро пешниҳод кунанд.
Манбаъ маоши мудири шуъбаро - 1387 сомону 80 дирам, ёрдамчии раиси вилоят - 1139 сомону 40 дирам, сармутахассиси шуъба - 1032 сомонӣ, мутахассиси пешбар - 846 сомонӣ ва мутахассиси шуъба 696 сомонӣ арзёбӣ кардааст.
Аз доваталабон дархост шудааст, ки ҳуҷҷатҳоро ба суроғаи шаҳри Бохтар, кӯчаи ба номи Н.Ҳувайдуллоев 1 бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ошёнаи 3 утоқи 303-304 давоми 21 рӯз баъди нашри ин эълон ироа намоянд.