Раиси ВМКБ аз хизматҳои Оқохони IV, хостаҳои Имом ва озодии исмоилиёни Тоҷикистон гуфт

Ёдгор Файзов, раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, ки қисми аъзами ҷамоати исмоилиёни Тоҷикистон дар ин вилоят зиндагӣ мекунанд, бо ирсоли як паём 62-юмин солгарди ба тахти Имомат нишастани Оқохони IV, имоми 49-уми исмоилиёни ҷаҳонро шодбош гуфт
Sputnik

ДУШАНБЕ, 11 июл — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти мақомоти иҷроияи ВМКБ, Файзов дар паёми шодбошияш ба Шоҳ Карим ал Ҳусайнӣ, 49-умин имоми исмоилиён, барои заҳматҳои хастанопазир ва шабонарӯзии 62 - солаи Оқохони IV, барои кумак ба башарият, ҳифзи дини мубини Ислом аз ифротгароӣ ва зоҳирпарастӣ, ташвиқи таҳаммулгароӣ ва рушди қишрҳои осебпазир сипоси беандоза баён кардааст.

Табақу гӯшаи Ислом ва туҳфаҳои Президент: боздидҳои Алӣ Муҳаммад Оқохон дар Душанбе-акс

Раиси ВМКБ ҳамкории боэътимоди Ҳукумати Тоҷикистон ва ташкилотҳои Оқохонро зикр намуда, дидори исмоилиёнро бо Имомашон воқеаи таърихӣ унвон намудааст.

“Кумакҳои моддӣ ба мардум дар он солҳои мудҳиш, дастгирии сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон саривақтӣ буда, бисёр воқеаҳои мудҳишро пешгирӣ намуданд”, - изҳор доштааст Файзов.

Ӯ таъкид намудааст, ки фаромини Волоҳазрат Оқохони IV дар бораи дурӣ ҷустан аз гуруҳҳои террористӣ ва ҷиноӣ, маводи мухаддир ва одатҳои ғайриахлоқиву ғайриқонунӣ, шаҳрванди беҳтарин будан, илму ҳунар омӯхтан ва ватандору ватандӯсти асилу ҳамқофияи сиёсати давлат будан сармашқи ҳаёти ҳар як муриди баихлоси Мавлоно Ҳозиримом мебошад.

Ҷонибдории Эмомалӣ Раҳмон аз созишномаи нав бо Бунёди Оқохон ва супориш ба Худоёрзода

Ёдгор Файзов таъкид намудааст, ки роҳбарияти мамлакат тибқи Конститутсияи Тоҷикистон ба ҳар як шаҳрванд озодии виҷдонро таъмин кардааст ва фаъолияти Марказҳои исмоилия дар шаҳри Душанбе ва шаҳри Хоруғ, инчунин бе ягон мамоният иҷро гардидани расму оини мазҳабӣ далели ин гуфтаҳоянд.

Раиси ВМКБ барои Оқохони IV  умри дароз, саломатии бардавом ва идомаи нерӯи бузург орзу намуда, ба ҷамоати исмоилиён тавфиқ дар зиндагӣ ва иҷрои фаромини он Волоҳазратро таманно намудааст.

Файзов изҳори умед намудааст, ки ҳамкориҳои судманди ҳамаҷониба байни Ҳукумати Тоҷикистон ва ташкилотҳои Оқохон минбаъд низ сифатану миқдоран густариш меёбанд.

Завқибеков дар бораи ҷоизагирӣ аз дасти Оқохони IV: ин ифтихори бузург аст

Оқохони IV - Шоҳ Карим ал Ҳусайнӣ, 49-умин имоми исмоилиёни ҷаҳон, пас аз бобояш Султон Муҳаммадшоҳ Оқохони севвум, дар рӯзи 11 июли соли 1957, дар синни 20-солагӣ ба симмати мазкур баргузида шуд.

Пайравони мазҳаби исмоилия дар Тоҷикистон, ки теъдодашон аз 200 ҳазор бештар арзёбӣ мегардад, имрӯз 62-юмин солгарди ба тахти имомат нишастани  Оқохони IV, имоми 49-уми худро таҷлил менамоянд.

Дар ҷашни "Имомат" одатан дар сатҳи маҳалу хонаводаҳо чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ-маърифатӣ сурат мепазиранд.