ДУШАНБЕ, 11 июл — Sputnik. Сарвазири Қазоқистон Аскар Мамин имрӯз, 11 июл бо сафари дурӯзаи расмӣ ба Тоҷикистон меояд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон.
Бино бар иттилои манбаъ, дар доираи сафари расмӣ сарвазири Қазоқистон бо Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистондидору гуфтугӯ кунад.
Инчунин, таҳти роҳбарии сарвазирони Тоҷикистону Қазоқистон Қоҳир Расулзода ва Аскар Мамин гуфтушунидҳои ҳайати ҳукуматҳои кишварҳо баргузор мешавад.
Қарор аст, аз рӯи натиҷаҳои дидору гуфтушунидҳо як қатор созишномаҳои ҳамкории дуҷониба ба имзо расад.
Ёдрас мешавем, ки дирӯз дар Душанбе мулоқоти Саидзода Зоҳир, муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Сиздиков Марат, муовини вазири корҳои хориҷии Қазоқистон баргузор гардид.
Президенти ҷадиди Қазоқистон Тоқаев ба Душанбе ворид шуд
Зимни мулоқот тарафҳо масъалаҳои омодагӣ ба сафари расмии Сарвазири Қазоқистон Аскар Мамин ба Тоҷикистонро, ки 11-12 июли соли равон баргузор мегардад, муҳокима карда, вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи ду кишвар дар соҳаҳои мавриди эҳтимоми муштаракро баррасӣ намуданд.