Дар Суғд беш аз 100 нафар гумонбаршудагон ба терроризм озод шуданд

Дар панҷ моҳи соли ҷорӣ дар вилояти Суғд дасти кам 400 ҷинояти хусусияти экстремистӣ дошта сабт гардидааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik. Дар вилояти Суғди Тоҷикистон наздики 114 нафар, ки қаблан барои содир намудани ҷиноятҳои экстремистӣ гумонбар дониста мешуданд, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод гардиданд, хабар медиҳад ТоҷикТа

Раҳмон дар бораи ҳамла ба масҷидҳо: ин боз нишон медиҳад, ки терроризм дину миллат надорад

Тибқи иттилои манбаъ, додситони ин вилоят Ҳабибулло Воҳидов гуфтааст, ки ҳамаи 114 нафар сокинони ин матотиқ дар содир намудани ҷиноят ва ё шомил шудан ба гурӯҳҳо ва ҳизбҳои дар Тоҷикистон мамнӯъ, гумонбар дониста мешуданд.

Ба иттилои Воҳидов дар маҷмӯъ дар нимсолаи аввали соли равон дар ҳудуди вилоят наздик ба 395 ҷинояти хусусияти экстремистӣ дошта, ба қайд гирифта шудаст.

Раҳмон зери назорат гирифт: шарҳи лаҳза ба лаҳзаи ҳалокати маҳбусон аз қавли зиндонбонҳо

Гузашта аз ин додситони вилояти Суғд гуфт, ки наздики 1203 парванда марбут ба куштор,таҷовуз ба номус ва фасоду тақаллубкорӣ мавриди тафтишоти мақомоти дахлдор қарор гирифта буд.

Вазири адлия: пешгирии ҷинояткорӣ ва мубориза бо ҳаракатҳои ифротӣ пурзур карда шавад

Ёдовар мешавем, ки қаблан раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муборизаи дастҷамъона алайҳи терроризму ифротгароӣ даъват намуда буд.