Мудҳиштарин заминларза дар Тоҷикистон: фоҷеаи Ҳоит

Расо 70 сол пур мешавад аз заминҷунбии Ҳойит, ки бар асари он, рӯзи 10 июл тамоми биноҳо, купруку боғҳо харобу валангор гардида буданд. Тибқи маълумоти гуногун, он замон аз 15 то 40 ҳазор одам зинда ба зинда зери хок монда ҳалок шуданд
Sputnik

Ба ин муносибат имрӯз, 17 август, бо ташаббуси мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт маросими ёдбуди қурбониёни ин фоҷиаи мудҳиш баргузор мешавад.

Дар он шоҳидони бевоситаи заминларзаи Ҳоит иштирок намуда, хотироти хешро пешниҳоди иштирокдорони маросим мегардонанд.

Субҳи барвақти 10-уми июли соли 1949, дар замони 20-умин солгарди таъсисёбии Тоҷикистони шӯравӣ, бузургтарин офати табиӣ дар таърихи Иттиҳоди шуравӣ дар минтақаи Ҳойити Тоҷикистон сар зад.  

Ҳойит, ки он замон ноҳия буд, феълан мақоми ҷамоатро дошта, шомили ноҳияи Рашти навоҳии тобеи марказ мебошад. Ҳойит дар 190 километр дуртар аз шаҳри Душанбе ҷойгир буда, қабл аз заминҷунбӣ бо бозору масҷидҳои калонаш аз  серодамтарин манотиқ дар Тоҷикистан ба ҳисоб мерафт.

Дар ин ноҳия беш аз 60 ҳазор сокинон ба сар мебурданд. Аммо баъди сар задани заминҷунбии шадид ин ноҳия хисороти бузурги ҷонию молӣ дид.

Ҷамомати деҳоти харобгаштаи Ҳойит

 

Мудҳиштарин заминларза дар Тоҷикистон: фоҷеаи Ҳоит

Пеш аз ҳодисаи даҳшатовар, 8 июли соли 1949, дар Тоҷикистон ду маротиба заминҷунбии пуриқтидор ба қайд гирифта шуд, ки боиси резиши зиёди сангу кӯҳҳо гардида буд. Он замон наздики 2,5 миллион метри мукааб хок фурӯъ рехт. Қисмати зиёди қишлоқи Ҳойит зери хок монд.

Ҳукумати Тоҷикистони Шуравӣ фавран ба амалиёти наҷотдиҳии сокинон шурӯъ намуд. Сокинони маҳаллӣ бошанд, аз пайи дарёфт намудани маводи доруворӣ шуданд. Баъди чанде гурӯҳи пизишкон низ ба ҷойи ҳодиса расида ба мардум кумак мерасониданд.

Ба нақли шоҳидон, он замон сокинони маҳаллӣ аз тарс ба хонаҳои истиқоматияшон ворид намешуданд. Аз ин рӯ онҳо дар ҳавои кушод, дар боғҳо шабро рӯз мекарданд.

Сокинон аз он бим доштанд, ки заминҷунбӣ дигарбора рух медиҳад ва пешгуйии онҳо рост ҳам баромад. Лекин он замон ҳеҷ кас фикре ҳам накарданд, ки чунин заминҷунбӣ бо иқтидори ниҳоят шадид сар мезанад.

Заминҷунбии 7,5 балла дар Ҳойит

Мудҳиштарин заминларза дар Тоҷикистон: фоҷеаи Ҳоит

Соати 9 –и саҳари 10- уми июли соли 1949 Тоҷикистонро сахттарин заминларза такон дод. Дар як мижа задан Ҳойит ба хок яксон шуд. Манзилҳои зист дар ним нафас валангор гардиданд. Сокинон фурсати аз манзил берун баромаданро ҳам надоштанд. Дар берун чанги хок аз фурӯъ рехтани кӯҳу сангпораҳо ҳамаҷоро торик намуд.

Баъд аз сар задани заминларза, ба якборагӣ беш аз сад тармаи калону хурд ба фаромадан шурӯъ карданд ва кӯҳи Чокурак бошад комилан фурӯ рехт.

Ҳойитро аз ду тараф фурӯрезии сангҳои калону хурд, ки суръати онҳо ба 110 километр дар як соат баробар буд, иҳота намуданд.

Заминҷунбӣ Роғунро такон дод

Он замон иқтидори қувваи заминларзаро ҳамаи марказҳои заминларзашиносӣ ба қайд гирифта буданд.

Маркази зилзилашиносии Амрико иқтидори заминларза дар Ҳойитро ба 11 дараҷаи Рихтер арзёбӣ намуд. Намояндагони ин марказ қувваи заминҷунбиро ҳатто аз қувваи бомбаи атомие, ки чор сол пеш ба Хиросима партофта буданд, пуриқтидортар гуфтанд.

Иқтидори заминларза ба ҳадде буд, ки ноҳияи Ҳойитро ҳамчун як нуқтаи ҷуғрофӣ комилан аз  байн бурд. Ҳойит Ҳисорак ва чанд қишлоқҷойҳои дигар дар фосилаи чанд дақиқа несту нобуд гардиданд. Тибқи маълумоти гуногун, он замон аз 15 то 40 ҳазор одам зинда ба зинда зери хок монда ҳалок шуданд.

Кумак ба зарардидагон аз заминҷунбӣ

Мудҳиштарин заминларза дар Тоҷикистон: фоҷеаи Ҳоит

Дарҳол пас аз сар задани заминларза дар Тоҷикистон аз Маскав фармон дода буданд, ки ба кишвари офатзада ҳавопаймоҳои тиббӣ-санитарӣ фавран фиристода шаванд. Гузашта аз ин роҳбарияти Иттиҳоди шӯравӣ ба Тоҷикистон машҳуртарин геофизик, академик Григорий Гамбурсевро сафарбар намуда, супориш дод, то экспедитсияи сейсмологиро дар Тоҷикистон ташкил диҳад.

Одамоне, ки ба таври мӯъҷиза дар ин офати табиӣ зинда монданд ба заминҳои нави водии Вахш кӯчонида шуданд. Дар ҷойи нав мардумро бо маводи сохтмонӣ ва чорво таъмин намуданд.

Ду заминҷунбӣ дар наздикии шаҳри Ваҳдат Душанберо такон дод

Солҳои 1967-1970 дар макони фоҷеа дар Ҳойит аз  номи Кумитаи марказии Ҳизби коммунистии Тоҷикистони шӯравӣ, президиуми Шӯрои Олӣ ва Шӯрои вазирони ҷумҳурӣ, ҳайкали  "Модари Ҳойит", ё худ "Модари ғам"-и ҳайкалтароши тоҷик Кирея Жумазин қомат афрохта буд.

Мутаассифона ҳайкали мазкур дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон валангор шуда, соли  2010 ба ҷойи он ҳайкали нав барои поси хотири қурбониёни ин заминларза гузошта шуда буд.

Қобили зикр аст, ки новобаста аз он ки заминҷунбии Ҳойит аз пуриқтидортарин заминларзаҳо ба ҳисоб меравад, аммо ба даҳгонаи заминларзаҳои харобиовари дунё шомил нагардидааст.

Заминларза дар марзи Чину Тоҷикистон

Тоҷикистон  аз  лиҳози заминҷунбӣ, ҳамчун   минтақаи хатарзо ҳисобида мешавад. Ҳамасола қариб 600 адад заминҷунбӣ дар Тоҷикистон сабт мешавад.

Мутаассифона, пешгуйӣ намудани вақт, қувват ва иқтидори заминҷунбӣ ғайриимкон аст, аммо беш аз даҳ сол Ҳукумати Тоҷикистон барои кӯчонидани аҳолӣ аз минтақаи хатарзо ва инчунин иттилоъ додан ба аҳолӣ ва омӯзонидани мутахассисон барои расонидани кумак ба ҷабридидаҳо корҳои зиёдеро ба анҷом расонидааст.