ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik. Парвозҳо миёни Русияву Гурҷистон метавонанд дубора барқарор шаванд, иттилоъ додааст “Коммерсантъ” дар истинод ба манбаъ дар вазорати хориҷа.
Тавре нашрия иттилоъ додааст, Маскав аз вокуниши мақомоти расмии Гурҷистон вобаста ба дашноми рӯзноманигор Георгий Габуния нисбати Владимир Путин, раисҷумҳури Русия қаноат шдааст.
Вазорати умури хориҷаи Русия таъкид намудааст, ки агар русситезӣ дар Гурҷистон бас шавад, парвозҳо ҳам дубора аз сар гирифта мешаванд.
Инчунин, манбаъ қайд намуд, ки ҷониби Русия барои баргаштан бар мавзӯӣ аз байн бурдани раводид миёни ду кишвар майл дорад. Ба иттилои ВУХ Русия до гирдиҳамоиҳо дар Тифлис лоиҳаи қарор дар бораи лағви раводид миёни Русияву Гурҷистон таҳия шуда буд, аммо ба таъхир афтод.
Ғазаби Қодиров аз таҳқири Путин аз ҷониби рӯзноманигор
Қаблан Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ба рӯзноманигори гурҷии телевизиони "Рустави 2", ки ӯро дар рафти пахши мустақим таҳқир кард, посух гуфт.
Президент таъкид кард, ки боз кардани парвандаи ҷиноӣ зидди Георгий Габуния маъное надорад.
Боз кардани парвандаи ҷиноӣ нисбати чунинҳо - эҳтироми бузурге мешавад. Бигзор корашро идома диҳад", - гуфтааст Путин.
Раисҷумҳур афзудааст, ки намехоҳад нисбати Гурҷистон таҳрим ҷорӣ кунад.
"Ман барои эҳтиромам нисбати миллати гурҷӣ ин корро намекунам. Муҳим нест, ки кӣ чӣ гуфтааст", - таъкид доштааст вай.
Раисҷумҳур афзудааст, ки намехоҳад нисбати Гурҷистон таҳрим ҷорӣ кунад.
"Ман барои эҳтиромам нисбати миллати гурҷӣ ин корро намекунам. Муҳим нест, ки кӣ чӣ гуфтааст", - таъкид дошт вай.