Сарвазири Ҷумҳурии Корея бо даъвати Қоҳир Расулзода ба Тоҷикистон меояд

Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон эълон намуд, ки аз 15 то 17 июли соли равон Ли Нак Ён, сарвазири Корея ба ҷумҳурӣ сафари расмӣ анҷом медиҳад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 10 июл - Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, бино ба даъвати Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон Ли Нак Ён, сарвазири Ҷумҳурии Корея аз 15 то 17 июли соли равон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафари расмӣ анҷом хоҳад дод.

Орумбекзода: мардуми Тоҷикистон ба фарҳанг ва санъати Корея эҳтироми хоса доранд

Қарор аст, дар ҷараёни сафари расмӣ сарвазири Ҷумҳурии Корея Ли Нак Ён бо Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дидору гуфтугӯ кунад.

Давлаталӣ Саид роҳ сӯи сулҳ дар Корея ва рушди Осиёро нишон дод

Инчунин ба иттилои манбаъ, музокироти ҳайатҳои ҳукуматӣ бо роҳбарии Қоҳир Расулзода, нахуствазири кишвар ва Ли Нак Ён, сарвазири Ҷумҳурии  Тоҷикистон ва мулоқоти роҳбари ҳайати Корея бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ пешбинӣ шудаанд.

“Дар музокироти оянда дар Душанбе масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Корея дар арсаҳои гуногун баррасӣ шуда, пиромуни мавзӯъҳои муҳимми минтақавӣ ва байналмилалии мавриди эҳтимоми муштарак табодули афкор сурат хоҳад гирифт”, - афзудааст манбаъ.

Вазорати умури хориҷа хотиррасон шудааст, ки аз рӯи натиҷаҳои сафар қарор аст, чанд созишнома ба имзо расад.