Пойҳоямро мебӯсӣ: дар Париж хоҳари валиаҳди Арабистони Саудиро ба додгоҳ кашиданд

Хоҳари Муҳаммад ибни Салмон, шоҳзодаи Арабистони Саудӣ муттаҳам ба бадрафторӣ ва хушунат алайҳи як коргар дар манзилаш дар Париж шудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik. Ба гузориши Sputnik Афғонистон, Ҳасса бинти Салмон хоҳари валиаҳди Арабистони Саудӣ, ба иттиҳоми бадрафторӣ, тавҳину азияти як коргар дар манзилаш дар Фаронса муттаҳам мешавад.

Шикоят алайҳи Ҳасса бинти Салмон, ки рӯзи сешанбе 9 июл дар яке аз  додгоҳҳои Париж муҳокима шудааст, аз соли 2016 сабт шуда будаст.

Шоҳдухт бинти Салмон муттаҳам аст, ки дар соли 2016 бо ҳамдастии муҳофизи шахсии худ, як коргарро барои чанд соат дар манзилаш зиндонӣ ва таҳқир кардааст.

Маркази имдоди шоҳи Салмон ба Тоҷикистон 50 тонна хурмо тақдим кард

Коргаре, ки дар он замон барои кор ба манзили Ҳасса ворид шуда буд, дар шикояти худ ба додгоҳ гуфтааст, ки  вақти машғули акс гирифтан, аз маҳалли мавриди кор буда, шоҳдухт  ӯро муттаҳам ба талош ба дуздӣ кардааст.

Сипас бо дастури соҳибхона муҳофизи соҳибхона коргарро мавриди лату кӯб қарор дода, чанд саот дар ҳамон ҷо ҳабс кардааст.

Ба гуфтаи ин марди фаронсавӣ, муҳофиз ӯро водор кардааст, ки пойи шоҳдухтарро бибӯсад, то озодаш кунанд.

Худи шоҳдхтар бо вакилаш тамоми иттиҳомотро рад кардаанд ва коргарро ба бидуни иҷозат гирифтани акс аз хонааш муттаҳам мекунанд.

Вакили фаронсавии зан таъкид кардааст, ки аккосии шоҳзода бо тавҷеҳ ба  қонуни Саудӣ мамнӯъ аст.

Муокимаҳои додгоҳӣ феълан идома доранд.