Обуҳавошиносон дар Душанбе ҳавои беборишу дар ноҳияҳои кӯҳӣ борон пешгӯӣ доранд

Ожонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон эълон намудааст, ки дар кишвар ҳаво тағйирёбанда мешаваду, дар баъзе аз ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 10 июл – Sputnik. Бино ба гузориши Маркази обуҳавошиносӣ ҳаво дар шаҳри Душанбе камабри  бебориш  мешавад. Ҳаво шабона 16+18 ва  рӯзона 38+40  дараҷа гарм мешавад.

Дар ҳамин ҳол дар, дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад. Раъду  барқ ба амал меояд. Ҳаво  дар водиҳо шабона 16+21  ва рӯзона 35+40  дараҷа гарм мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 13+18 ва рӯзона 27+32  дараҷа гарм мешавад.

Чилаи тобистону ҳушдори обуҳавошиносон: моҳи июл дар Тоҷикистон то 43 дараҷа гарм мешавад

Ҳавои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар шарқи вилоят ҳавои бебориш мешавад.  Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 13+18 ва рӯзона 27+32 дараҷа  гарм мешавад. Дар шарқи вилоят  ҳаво шабона 3+8 ва  рӯзона 15+20 дараҷа  гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд  тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад. Раъду  барқ ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 21+26 ва рӯзона 35+40 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 9+14 ва   рӯзона    23+28 дараҷа гарм мешавад.

Аммо дар вилояти Хатлон  ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Дар  баъзе ноҳияҳо тӯфони  чангу ғубор боқӣ мемонад. Ҳаво дар водиҳо шабона 21+26 ва рӯзона 37+42  дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 17+22 ва рӯзона 32+37  дараҷа гарм мешавад.