Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси миллиро баргузор кард

Дар ҷаласа 21 масъала, аз ҷумла 3 қонуни мукаммал баррасӣ гардид. Иҷлосияи бистуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум 11 июл баргузор мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik. Имрӯз, 10 июл раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси миллиро баргузор намудааст. Дар ин бора дафтари матбуоти Маҷлиси миллӣ хабар медиҳад.

Бино бар иттилои манбаъ, дар маҷлис 21 масъала ва 3 қонуни мукаммал баррасӣ гардиданд.

"Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов", "Дар бораи таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда", "Дар бораи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон", - аз ҷумлаи 3 қонуни мукаммале мебошад, ки вакилон баррасӣ карданд.

Ҳисобот медиҳам: Рустам Эмомалӣ вакилонро ба маҷлис даъват кард

Афзун бар ин, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба як зумра кодексу қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз қабили қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон", "Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон", "Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ", "Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ" мавриди баррасӣ қарор дода шудааст.

Манбаъ меафзояд, вакилон аз лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар хусуси ба категорияи шаҳрак мансуб донистани деҳаи Ховалинг-маркази маъмурии ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон" ҷонибдорӣ намуданд.

Ахирон Маҷлис: Ҳукумат муассисаи давлатии нав ташкил мекунад

Маҳмадсаид Убайдуллоев, ба раиси кумитаи марбутаи Маҷлиси миллӣ дастур додааст, ки ҷиҳати муайян намудани шумораи марказҳои маъмурии шаҳру ноҳияҳои мамлакат, ки мақоми деҳаро доро мебошанд, таҳлилҳои амиқ гузаронда, дар доираи салоҳияташон пешниҳодоти заруриро омода ва манзур намоянд.

Ҳамзамон, Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи худ лоиҳаи қарорҳои дахлдори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи бозхонд намудани судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва интихоб намудани судяҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба рӯзномаи иҷлосия ворид карданд.

Иҷлосияи бистуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум 11 июл баргузор мешавад.