Бозгашти хонаводаи тоҷикистонии узви ДОИШ аз Афғоинстон

Аъзои як хонаводаи тоҷикистонии узви ДИИШ пас аз таҳаммули сахтиҳои фаровон ба зодгоҳашон дар шаҳристони Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд бозгаштаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik. Ба нақл аз "Парс тудэй", Нодира Усмонова ба тозагӣ  ҳамроҳи 3 фарзандаш аз Афғонистон ба зодгоҳаш баргашта ва мавриди афв қарор гирифтааст.

Боздошти масъули “ДОИШ” бо либоси занона, ки дигаронро ба эъдом ҳукм мекард

Сарнавишти ҳамсари ӯ Фарҳод Усмонов, ки худ ба созмони террористии ДИИШ гиравида ва аъзои хонаводаашро тавассути ашхоси вобаста ба ин гуруҳ дар соли 2017 ба Афғонистон мунтақил карда буд ҳануз равшан нашудааст. Илҳом Усмонов падари Фарҳод гуфтааст писараш эҳтимолан дар ихтиёри мақомоти амниятии Тоҷикистон қарор дорад.

Фарҳод Усмонов ва хонаводааш муддатҳо ба дасти ДОИШ ва Толибон  гирифтор буданд, то ин ки тавассути неруҳои давлатии Афғонистон дастгир ва ба мақомоти Тоҷикистон таҳвил дода шуд.

Мақомоти Тоҷикистон қаблан эълом карданд ҳудуди 1900 нафар аз шаҳрвандони ин кишвар ба гуруҳи террористии ДИИШ пайвастаанд, ки аз ин теъдод 500 нафар кушта шудаанд.