ДУШАНБЕ, 9 июл — Sputnik. Бино бар иттилои РИА Новости, пулҳои дуздидаи зани сандуқдори бонк дар шаҳри Салавоти Бошқирдистонро шавҳараш, ки марди тоҷик будааст, дар қимор бой додааст.
Бино бар иттилои манбаъ, феълан марди тоҷик дар барномаи телевизион иштирок кардан мехоҳад ва аз сокинони Русия хоҳиш карданӣ аст, ки барои баргардонидани маблағ ба бонк кӯмакаш кунанд. Мард намехостааст, ки ҳамсараш зиндонӣ шавад.
Ёдрас мешавем, ин сандуқдори бошқирдистонӣ шоми 27 май филиали бонки "Росселхозбанк"-ро ғорат карда буд.
Бино бар иттилои расмӣ, ин зани 36-сола дар як борхалта 140 ҳазор доллар, 100 ҳазор евро ва 9 миллион рублро пинҳон карда, рабуд. Ӯ аз роҳбарият хоҳиш кардааст, ки вайро барвақттар иҷозат диҳанд ва баъди шунидани розигии роҳбар бо ҳамкоронаш хайру хуш карда берун шудааст.
Боздошти зани 29-сола, ки дар дуздии беш аз сад ҳазор рубли русӣ айбдор мешавад
Шоми ҳамон рӯз дар бонк аз ин камомад хабардор мешаванд. Дарҳол ба манзили сандуқдор кормандони пулис равон карда мешаванд, аммо дар хона касеро пайдо намекунанд.
Гуфта мешуд, якҷо бо сандуқдор шавҳараш, ду фарзанди 8 ва 11-солааш, хоҳари 40-солааш ва падари 63-солааш нопадид шуданд.
Мақомот занро ба пайгард эълон карданд.
Пас аз ҳафтае ӯро дар Қазон дастгир карданду ба иттилои мақомот дар дасти вай аз маблағҳои дуздидааш чизе набуд.