ДУШАНБЕ, 9 июл — Sputnik. Дар Тоҷикистон ҷасади маҳбусони заҳролудшуда, ки дар муассисаҳои ислоҳии вилояти Суғд адои ҷазо менамуданд, бо тадобири баланди амниятӣ ба хок супорида шуданд, хабар медиҳад агентии ТоҷикТа.
Бар иттилои манбаъ, дирӯз ҷасади аксарияти маҳбусон, ки дар натиҷаи заҳролудшавӣ фавтиданд, бо як гурӯҳи хурди одамон ва дар ҳузури мақомоти маҳаллӣ ва намояндагони амнияти кишвар ба хок супорида шуданд.
Ба маълумоти ҳукумати Тоҷикистон, таҳқиқи заҳролудшавӣ ва ҳалокати маҳбусон ҳангоми интиқол аз шаҳри Хуҷанд ба Душанберо додситони кулл Юсуф Раҳмонӣ зери назорати қатъӣ гирифтааст.
Раҳмон зери назорат гирифт: шарҳи лаҳза ба лаҳзаи ҳалокати маҳбусон аз қавли зиндонбонҳо
Ёдовар мешавем, ҳодисаи мазкур 7-уми июли соли 2019 асное сар зад, ки 128 нафар маҳкумшуда - 120 нафар мард ва 8 нафар занро мебоист аз зиндонҳои шаҳрҳои Хуҷанд ва Истаравшани вилояти Суғд барои идомаи ҷазои ҷиноятӣ ба шаҳрҳои Душанбе, Норак ва Ёвон интиқол медоданд.
Кобул 8 маҳбуси тоҷикро ба ватанашон истирдод намуд
Ба изҳори додситонии кулли Тоҷикистон, омили асосии заҳролудшавии маҳбусон, истеъмоли нони олудаи пупанак мебошад.