Турсуной Зокирова кӯчаеро дар зодгоҳаш мумфарш мекунад

Мумфаршкунии роҳи автомобилгард аз бурриши кӯчаи Истиқлол оғоз гардида, то варзишгоҳи марказии шаҳр идома меёбад. Дар доираи корҳои мумфаршсозӣ чароғонкунӣ, сафолакпӯш намудани роҳравҳо ва кабудизоркунии шафати кӯча низ ба назар гирифта шудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 9 июл — Sputnik. Турсуной Зокирова, ситорашиноси тоҷик, ғолиби озмуни "Битва экстрасенсов"-и телевизиони ТНТ-и Русия кӯчаеро дар зодгоҳаш шаҳри Гулистон мумфарш мекунад. Дар ин бора дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд хабар медиҳад.

Бино бар иттилои манбаъ, Зокирова тасмим гирифтааст, кӯчаи Максим Горкий шаҳрро мумфарш кунад, ки масоҳати умумии роҳ 5 000 метри мураббаро ташкил медиҳад.

Зани соҳибкор дар шаҳри Гулистон осоишгоҳи замонавӣ бунёд мекунад

Бино бар иттилои дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд, мумфаршкунии роҳи автомобилгарди кӯчаи ба номи Максим Горкий 8 июл бо иштироки раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ва соҳибкор Турсуной Зокирова оғоз шуд.

Мумфаршкунии роҳи автомобилгарди кӯчаи ба номи Максим Горкий аз бурриши кӯчаи Истиқлол оғоз гардида, то варзишгоҳи марказии шаҳр идома меёбад. Дар доираи корҳои мумфаршсозӣ чароғонкунӣ, сафолакпӯш намудани роҳравҳо ва кабудизоркунии шафати кӯча низ ба назар гирифта шудааст.

Ёдрас мешавем, моҳҳои ноябри соли гузашта хабар дода шуда буд, ки Зокирова дар Гулистон, дар соҳили Баҳри тоҷик осоишгоҳи замонавие бунёд мекунад. Санги асоси он аз ҷониби раиси вилоят охирҳои моҳи ноябри соли 2018 гузошта шуд.