Чаро истеъмоли гӯшти хук дар Ислом ҳаром аст: шарҳи Шӯрои уламо

Шӯрои уламои маркази исломшиносии Тоҷикистон дар бораи истеъмоли гӯшти хук гуфт
Sputnik

ДУШАНБЕ, 9 июл — Sputnik. Ибодуллоҳ як корбари сомонаи Маркази исломшиносии Тоҷикистон аз ин ниҳод суол кардааст, ки чаро дар ислом истеъмоли гӯшти хук мамнуъ шудааст.

"Дар Ислом хурдани гӯшти хук манъ аст. Ҳикмати манъ шудани он чист?",-суол додааст Ибодуллоҳ.

"Бародари азиз, аҳкоми шаръӣ ҳама тавқифӣ ҳастанд, Худованд ҳаким аст ва ҳар як кори ӯ ҳикматҳои фаровон дорад, ки мо аз ҳақиқати он огоҳ нестем. Тибқи гуфтаи донишмандон яке аз ҳикматҳои ҳаром будани гӯшти хук ин аст, ки дар таркиби он моддае вуҷуд дорад, ки пас аз истеъмоли гӯшт аз бадани инсон хориҷ намешавад ва ба саломатӣ зарар дорад",-посух додааст Шӯрои уламо.

Рӯсиёҳи дунёву охират: посухи Шӯрои уламо ба саволи Сорбон

Қаблан Алишер, як корбари сомонаи Шӯрои уламо дар саҳифаи ин ниҳод навиштааст, ки дар хоб ба ӯ ангуштарин додаанд ва таъбири ин хобашро суол кардааст.

Шӯрои уламо: дар Маркази исломӣ касе ба вазифаи "ҷинбарор" таъйин нашудааст

“Бародари азиз, дидани ангуштарин дар хоб ба издивоҷ кардан ё ноил шудан ба ҷойгоҳе далолат мекунад”, - посух додааст Шӯрои уламо.

Ба хобдидаи дигар, ки худро Абдуллоҳ муаррифӣ кардаасту ангуштарин хоб дидааст,  Шӯрои уламо посух додааст, ки баракотро интизор бошад.

Шӯрои уламо гуфт, наврасони тоҷик дар куҷо намози таровеҳ гузоранд

“Ман дар хоб дидам, ки бо номзадам тўй дорем ва ба якдигар ангуштарин гузаронидем. Ин хоб чӣ таъбир дорад”, - суол кардааст Абдуллоҳ.

Шӯрои уламо посух додааст, ки “ин хоби шумо хайру башорат аст, иншоаллоҳ шумо ба орзуи худ мерасед”.