Шикояти хуҷандиҳо аз беобӣ, посухи мақомот - "сокинон обро сарфа намекунанд"

Ахиран сокинони шаҳри Хуҷанд вобаста ба норасоии оби нӯшокӣ шикоят карданд. Мутахассисонни “Хуҷандобуканал” маълум карданд, ки сокинони шаҳри Хуҷанд оби нӯшокиро тамоми шабонарӯз бо мақсади таъмини оби полезӣ истифода мебурдаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 9 июл — Sputnik. Тавре дафтари матбуоти мақомоти шаҳри Хуҷанд иттилоъ додааст, рӯзҳои охир шикояти сокинони шаҳри Хуҷанд ба идораи “Хуҷандобуканал” вобаста ба норасоии оби нӯшокӣ, бахусус ба ошёнаҳои болоии хонаҳои баландошёна афзуда аст.

Бунёди Оқохон дар ноҳияи Роштқалъа хати оби нӯшокӣ бунёд кард

Бино бар иттилои манбаъ, роҳбарияти “Хуҷандобуканал” ҳоло роҳҳои ҳалли масъалаи мазкурро мавриди баррасӣ қарор додааст.

“Кормандони шуъбаҳои дахлдори идораи “Хуҷандобуканал” ҳамарӯза тибқи нақшаи пешбинишуда, санҷишҳои назоратӣ гузаронида, ҳолатҳои васлу истифодаи ғайримақсадноки хатти об дар минтақаҳои гуногуни шаҳри Хуҷандро ошкор намуданд”, -таъкид кардааст м анбаъ.

Иқдоми сокинони Хуҷанд баъди 10 рӯзи беобӣ, интизорӣ ва оҷизии “Хуҷандводаканал”

Инчунин манбаъ қайд намудааст, ки шаҳрвандон оби нӯшокиро тамоми шабонарӯз бо мақсади таъмини оби полезӣ истифода бурда ба ин васила зарари ҷидди хешро ба идораи “Хуҷандобуканал” мерасонанд.  

Давоми 6 моҳи соли ҷорӣ беш аз 1600 чунин ҳолатҳо ошкор карда шуданд, ки боиси нигаронист.

“Аз ҷумла дар микроноҳияи 13-и шаҳри Хуҷанд шаҳрвандоне пайдо шуданд, ки бо қубурҳои қутраш калон оби нӯшокиро шабонарӯз барои заминҳои полезии худ истифода менамоянд. Ҳол он, ки бино ба ҳисоби мутахасисон аз ин қубури об дар як соат 11, 56 куб об ҷорӣ мешавад. Дар як шабонарӯз он 276, 5 кубро ташкил медиҳад. Ин миқдор об барои таъмини зиёда аз 200 оила ё худ бошандагони 4 хонаҳои баландошёнаи микроноҳияи 13-уми шаҳр дар як шабонарӯз басанда аст”, - таъкид намудааст “Хуҷандобуканал”.

Як ҳафтаи беобӣ: чӣ гуна Хуҷанд биёбон мешавад - акс

Манбаъ ёдрас шудааст, ки агар 10 сол муқаддам муштариёни хизматрасонии идораи “Хуҷандобуканал” ҳамагӣ 42 ҳазор нафар бошад, имрӯз он ба зиёда аз 54 ҳазор нафар расидааст.

Вакилони парлумон масъалаи аз оби нӯшокӣ то рафъи обҳои партовро муҳокима намуданд

“Хуҷандобуканал” қайд намудааст, ки агар дар рӯзҳои охир бино бар баланд шудани ҳарорати ҳаво фаъолияти корхона ба мушкилот рӯбарӯ шуда бошад ҳам, роҳбарияти ин идора кӯшиш дорад, хонаҳои сокинонро ба  оби нӯшокии бардавом таъмин намояд.

Шикояти мардуми Душанбе аз беобӣ ва "беадаби" - и масъулин

Манбаъ афзудааст, ки таҷҳизоти насбгардида дар идораи “Хуҷандобуканал” имкон медиҳад, ки раванди таъмини оби нӯшокӣ ба хонаҳои шаҳрвандон тариқи онлайн назорат бурда шавад. Яъне, фишори об ва рух додани садамаҳо ба тариқи фаврӣ маълум карда, ба он ҷойҳо барои бартарафкунӣ гуруҳҳо сафарбар карда мешаванд.

Дар ҳамин ҳол мақомоти “Хуҷандобуканал”  аз шаҳрвандон хоҳиш кардааст, ки барои сарфакорона истифода бурдани об тадбирҳо андешанд ва ҳар қатраи онро ба манфиати умум истифода баранд.