Парвандаи ҷиноӣ нисбати 22 мақомдори давлатӣ дар Тоҷикистон

Тайи 6 моҳи соли ҷорӣ ба додситонии кулли Тоҷикистон аз ҷониби шаҳрвандон 2400 муроҷиатнома пешниҳод гардидаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 9 июл — Sputnik.  Дар Тоҷикистон тайи 6 моҳи соли ҷорӣ нисбати 22 мақомдори давлатӣ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст, иттилоъ додааст дафтари матбуотии додситонии кули Тоҷикистон.

Боздошти се мақомдор бо иттиҳоми фурӯши билети ҳарбӣ

Мувофиқи ҳисоботи мазкур тайи 6 моҳи нимсолаи аввали 2019 аз ҷониби шаҳрвандони Тоҷикистон ба додситонии кул 2,4 ҳазор дархосту арзу шикоятҳо пешниҳод шудаанд.  

Қайд шудааст, ки ҳамаи арзу шикоятҳои шаҳрвандон аз ҷониби кормандони додситонии кишвар дида баромада шудаанд. Бо ҷурми поймол намудани ҳуқуқи шаҳрвандон нисбати 22 мақомдори давлатӣ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Аз ҷумла додгоҳ котиби ҷамоати ҷамоати деҳоти Ҳаёти Нави вилояти Суғдро бо ҷурми ба назар нагирифтани муроҷиати шаҳрвандон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашид. Ҳамчунин муҳандис оид ба сохтмони замин дар ҷамоати деҳоти Саразм, ки 50 аризаи шаҳрвандонро нодидагирӣ карда будаааст ба ҷавобгарӣ кашида шудааст.

Ёдовар мешавем, ки дар моҳи октябри соли 2018 дар Тоҷикистон кормандони милиса се мақомдори собиқро бо ҷурми қаллобӣ дастгир карда буданд.