Қурби асъори хориҷӣ дар оғози ҳафтаи нав дар Тоҷикистон

Бонки миллии Тоҷикистон қурби асъори хориҷиро дар кишвар барои 8 июл, рӯзи аввали ҳафтаи ҷадид муқаррар кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Тибқи иттилои Бонки миллӣ, қурби миёнаи фурӯши 1 рубли русӣ дар бозори нақди кишвар аз 0,1484  то 0,1505 сомониро ташкил медиҳад, ки дар қиёс ба ҳафтаи гузашта каме поин мебошад.

Таъкиди раисиҷумҳур ба камбуди доллар ва мушкилоти Тоҷиксодиротбонку Агроинвестбонк

Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 доллари ИМА дар муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро  аз  9,4397 то 9,4400 сомонӣ арзёбӣ кардааст, аммо корафтодагон мегӯянд, бо ин арзиш пайдо кардани доллар ғайриимкон мебошад ва қурби аслӣ хеле болотар аз он мебошад.

Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 евроро аз 10,6329 то 10,9000 сомонӣ арзёбӣ кардааст.

Ин ниҳод таъкид намудааст, ки дар бозори расмии ғайринақдӣ имрӯз қурби 1 доллари ИМА – 9,4397  сомонӣ, 1 евро – 10,6329 сомонӣ ва 1 рубли русӣ - 0,1484  сомониро ташкил медиҳад.

БМТ ҳушдор додааст, ки берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.