ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Ноне, ки боиси марги 14 маҳбус шуд метавонист олуда бо пупанак бошад, хабар додааст РИА Новости аз қавли манбааш дар Додситонии кулли Тоҷикистон. Пупанак, ё худ мағор, замбурӯғчаҳои беҳад хурди рӯи баъзе чизҳо, ки аз тарӣ, рутубат ва кӯҳнагӣ пайдо мешаванду заҳролуд мебошанд.
Манбаъ афзуд, нон, ки аз ҷониби як маҳбус ба ҳамроҳонаш тақсим шудааст, метавонист дар шароити гармии шадид ва нигоҳдории тӯлонӣ олуда бо пупанаки заҳролуд шавад.
“Одатан дар пайи истеъмоли чунин нонҳои пупанакзада заҳролудшавии бадан, қайкунӣ, дилбеҳузурӣ ва шикамдард ба вуҷуд ояд, ки маҳз чунин нишонаҳо дар ҳамаи маҳбусони ҳалокшуда ба мушоҳида расидаанд”, - изҳор доштааст манбаъ дар Додситонии кулли Тоҷикистон.
Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон таҳқиқи заҳролудшавӣ ва ҳалокати маҳбусон ҳангоми интиқол аз шаҳри Хуҷанд ба Душанберо зери назорат гирифта, феълан ташхиси судӣ – тиббӣ таъин шудааст.
Ахиран Раёсати зиндонҳои Тоҷикистон қазияро лаҳза ба лаҳза шарҳ додааст, ки тибқи он заҳролудшавӣ дар мавзеи Майхораи Варзоб дар пайи истеъмоли се нони яке аз маҳбусон рух дода, ним соат пас дилбеҳузурию қайкунӣ оғоз гардидааст ва табибон баъди расидан ба зиндон дар Душанбе даъват шудаанд.
Дар иттилоияи раёсати зиндонҳои Тоҷикистон доштани нон ҳамчун дастовез як чизи муқаррарӣ ва тақсими он бо ҳамроҳон аз ҷониби маҳбус маъмулӣ арзёбӣ шудааст.
“Дар қисмати дуюми роҳ дар мавзеи Майхӯраи ноҳияи Варзоб яке аз маҳбусон 3 адад нон – “хлеб”, ки бо худ ҳамчун дастовези муқаррарӣ доштааст, тибқи маъмул ба 16 нафар маҳбус тақсим кардааст”, - омадааст дар иттилоия.
Идораи зиндонҳои Тоҷикистон инчунин феҳрасти 14 ҳалокшударо дар пайи заҳролудшавӣ аз нон нашр кардааст, ки аз 19 то 52 сол доштаанд.