Шаҳрванди Тоҷикистон дар вилояти Саратов ғарқ шуд

Бар асари чаппа шудани мотосикли обӣ дар вилояти Саратов як нафар шаҳрванди Тоҷикистон бо ҳамроҳони худ дар об ғарқ гардид. Дар ин ҳодиса танҳо як нафар ҷон ба саломат бурд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Дар вилояти Саратови Русия шаҳрванди 33-солаи Тоҷикистон аснои шиноварӣ бо мотосикли обӣ дар об ғарқ шудаст, хабар медиҳад "Комсомольская правда".

Чигуна худ ва ғарқшавандаро дар об эмин нигоҳ дошт

Бар хабари манбаъ, ҳодисаи мазкур 7- уми июл тақрибан соати 20:00 - и ба вақти маҳаллӣ дар дарёи Иргизи калон, деҳаи Журавлиха рух додааст.

Ба маълумоти дарёфтӣ, шаҳрванди Тоҷикистон бо ҳамроҳони худ аснои чаппа шудани мотосикли обӣ дар рӯдхона ғарқ шуданд. Дар ин ҳодиса танҳо ба як нафар даст омад, то зиндаву саломат аз об берун барояд. Айни замон наҷотбахшон аз пайи дарёфт намудани ҷасади шаҳрванди Тоҷикистон дар рӯдхонаи мазкур корҳои кофтукобӣ гузаронида истодаанд.

Ғарқ шудани 55 тан дар пайи риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ дар Тоҷикистон

Маврид ба зикр аст, ки сар аз 1-уми июл дар рӯдхонаҳои Саратов дасти кам 24 нафар ғарқ шудаанд.

Зимнан дар шаҳри Дубни вилояти Маскав чанде пеш хонандагони мактаб тавонистанд шаҳрванди тоҷики дар ҳоли ғарқшавиро наҷот диҳанд. Он замон расонаҳо навишта буданд, ки муҳоҷирони аз Осиёи Марказӣ байни худ баҳсе оростанд, ки кадоме аз онҳо аз ӯҳдаи убури рӯдхона мебароянд.

КҲФ: аз 55 нафар ғарқшуда дар Тоҷикистон 23 нафарашро кӯдакон ташкил додааст

Аммо дар нимароҳ яке аз онҳо дигар қувваи шиноварӣ намуданро гум мекунад ва батадриҷ дар об ғутта мезанад. Ба кумаки вай хонандаи 14-солаи маҳаллӣ шитобида, ӯро аз об зинда берун баровард.