Саодатмандӣ ва саломатии комил: таманниёти Раҳмон ба Эгилс Левитс

Эмомалӣ Раҳмон ба президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Латвия Эгилс Левитс комёбиҳо орзу кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Латвия Эгилс Левитс барқияи табрикӣ ирсол намуд.

Ба гузориши котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон кишвардори нави Латвияро ба муносибати интихоб шуданаш муборакбод гуфта, дар иҷрои вазифаҳо ба ӯ комёбӣ таманно кардааст.

Номаи Эмомалӣ Раҳмон ба доктор Маҳатҳир Муҳаммад

"Ҷаноби Олӣ, Бо камоли хушнудӣ  Шуморо ба муносибати  интихоб гардиданатон ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Латвия ва оғози фаъолиятатон дар ин  маснади олӣ сидқан табрику таҳният мегӯям.

Ба Шумо сиҳатмандии комилу саодатмандӣ, дар иҷрои вазифаҳоятон комёбиҳо ва ба мардуми дӯсти Латвия сулҳу субот ва шукуфоии беш аз пеш  орзу менамоям.

Бо истифода аз фурсат изҳори умед менамоям, ки муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманди миёни Тоҷикистон ва Латвия минбаъд низ  мутобиқ ба манфиатҳои мардумонамон рушду тавсеа хоҳанд ёфт".