Ду мансабдори идораи зиндонҳои Душанбе дастгир шуданд

Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон аз дастгир шудани 2 мансабдори раёсати зиндонҳо бо иттиҳоми порагирӣ хабар дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Тибқи иттилои Ожонс, муттаҳамон Бозорбой Қурбонов, сардори Шуъбаи корҳои ислоҳии шаҳри Душанбе ва нозири калони ин шуъба Маъруф Қараев мебошанд.

Раҳмон зери назорат гирифт: шарҳи лаҳза ба лаҳзаи ҳалокати маҳбусон аз қавли зиндонбонҳо

Манбаъ хабар дод, ки ба Ожонси назорати молиявӣ ва мубориз бо фасод шаҳрванд “А” муроҷиат карда, арз доштааст, ки  нозири калони Шуъбаи корҳои ислоҳии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ Қараев Маъруф Раҳимович бо маслиҳати пешакӣ бо сардори ҳамин шуъба Қурбонов Бозорбой Гулмуродович аз хешовандонаш маблағ талаб доранд.

Муроҷиаткунанда тавзеҳ додааст, ки мақомдорони мазкур барои нисбати ӯ тартиб надодани маводи санҷишӣ ва минбъд ба суд пешниҳод накардани он аз хешовандаш 5 ҳазор сомонӣ талаб кардаанд. Мақомдорон шаҳрванд “А”-ро дар вайрон кардани қоидаи бақайдгирии шахсони мувофиқи ҳукми суд ба корҳои ислоҳӣ маҳкумшуда муттаҳам кардаанду пора тамаъ намудаанд.

Ба иттилои Ожонс, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ Қурбонов ва Қараев баъди аз шаҳрванд “А” гирифтани 4000 сомонӣ пора дастгир гардида, маблағ ҳамчун далел аз онҳо гирифта шуд.

Ожонс таъкид намуд, ки феълан алайҳи Қурбонов ва Қараев бар асоси  моддаи 319 –и Кодекси ҷиноӣ, барои порагирӣ парванда оғоз карда шуда, тафтиши пешакии он идома дорад.