Узви Маҷлиси миллӣ дар Ворух нахустин мактаби хусусиро бунёд мекунад

Дар деҳаи Ворухи шаҳри Исфара бахшида ба омодагиҳо ба таҷлили 30-солагии Истиқлолият якумин мактаби хусусӣ бунёд мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik. Дар деҳаи Ворухи Исфара бахшида ба таҷлили 30-солагии Истиқлолият як  муаллими варзида, узви Маҷлиси миллӣ аввалин мактаби хусусиро бунёд мекунад, хабар медиҳад дафтари матбуоти шаҳрдории Исфара.

Бино бар иттилои манбаъ, сарвари Литсейи №3-и деҳа, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, педагоги маъруфи кишвар Абдураҳмон Шораҳматов тасмим гирифтааст, ки нахустин мактаби хусусиро дар деҳоти Ворух бунёд намояд.

Соҳибкор дар Зафаробод маркази табобатӣ месозад, раис ба корҳои сохтмонӣ оғоз бахшид

Иқдоми мазкур аллакай ба "Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара оид ба омодагӣ ба ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ворид карда шудааст, меафзояд дафтари матбуот.

Ҳамчунин як зодаи деҳаи мазкур, соҳибкор Сорбон Савриддинов, ки дар Маскав фаъолият доштааст, дар мулоқот бо раиси шаҳри Исфара Сиҷоуддин Саломзода қавл додааст, ки дар зодгоҳаш якҷо бо дигар соҳибкорон як мактаби замонавӣ месозанд.

Бино бар иттилои манбаъ, мутобиқи нақшаи омодагиҳо ба таҷлили 30-солагии Истиқлолият дар Исфара  дар ҷамоати деҳоти Ворух сохтмону азнавсозии дар маҷмӯъ 33 иншоот ба нақша гирифта шудааст.

Аз ҷумла дар соли 2019-ум бо саҳмгузории аҳолӣ ва соҳибкорони деҳоти Ворух бунёду азнавсозӣ, таъмиру тармим ва муҷаҳҳазнамоии 14 иншоот роҳандозӣ гардидааст.