Вазири тандурустӣ Насим Олимзода ҷаласаи кумитаи тадорукот баргузор кард

Насим Олимзода, вазири тандурустии Тоҷикистон дар бораи зарурият ва муҳимияти гузаронидани форуми байналмилалӣ оид ба масъалаҳои маъюбон гуфт
Sputnik

ДУШАНБЕ, 5 июл - Sputnik. Таҳти роҳбарии вазири тандурустӣ Насим Олимзода ҷаласаи кумитаи тадорукоти Форуми байналмилалӣ оид ба солимгардонӣ ва тавонбахшии маъюбон баргузор гардид.

Бино ба гузориши Вазорати тандурустӣ, дар кори ҷаласа муовини вазир, сарпарасти соҳа Шодихон Ҷамшед, ёрдамчии вазир Дилором Содиқова, шарикони рушд, намояндагони вазорат ва кумитаҳои дахлдор,  роҳбарони  муасисаҳо ва иттиҳодияҳои маъюбон  иштирок намуданд.

Насим Олимзода, дар бораи зарурият ва муҳимияти гузаронидани форуми байналмилалӣ оид ба масъалаҳои маъюбон гуфтааст.

Пас аз интиқоди Раҳмон: вазири тандурустӣ Шодихон Ҷамшедро ба Суғд фиристод

Дар ҷаласа қайд гардида, ки маъюбон зери таваҷҷуҳи махсуси Ҳукумати кишвар,  Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд.

Муовини вазири тандурустӣ Шодихон Ҷамшед дар ҷаласа баромад намуда, қайд кардааст, ки форуми мазкур бори аввал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, ҳадафи он ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба масъалаҳои тавонбахшӣ ва солимгардонии маъюбон мебошад.

Дар ҷаласаи мазкур инчунин масъалаҳои ташкилии форум мавриди баррасӣ қарор гирифта, ташкил ва гузаронидани ҷаласаҳои пленарӣ, ки мавзӯъҳои дастрасии доруворӣ ба маъюбон, таҳсилоти маъюбон, нафақаи маъюбон ва пардохти онҳо, мушкилоти маъюбон дар ҷомеа, саҳми шарикони рушд дар дастгирии маъюбон ва ғайраро дар бар мегиранд, мавриди муҳокимаронии иштирокчиён қарор гирифтанд.