Парвандаи ҷиноӣ алайҳи зани 33-сола барои қочоқи ёқути сурх

Дар шаҳри Хуҷанд занеро ба иттиҳоми муомилаи ғайриқонунии сангҳои қимматбаҳо дастгир карданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik. Дар шаҳри Хуҷанд занеро ба иттиҳоми муомилаи ғайриқонунии сангҳои қимматбаҳо дастгир кардаанд. Дар ин бора Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Бино бар иттилои манбаъ, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия, зани 33-солаи сокини ш. Хуҷанд, ки пеш бо моддаи 247 қ.3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони муомилоти ғайриқонунии сангҳои қимматбаҳои табиӣ дастгир карда шуд.

Дар вақти кофтукови шахсӣ аз ӯ 24-адад сангҳои гуногунранги қимматбаҳо дарёфт ва мусодира карда шуд.

"Тибқи хулосаи Нозироти давлатии иёргирии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сангҳо бо вазни 18,47-грамм сангҳои қимматбаҳои "Ёқути сурх" буда, 14-адад сангҳо ба гурӯҳи сангҳои қимматбаҳо дохил намешаванд", - менависад манбаъ. 

Боздошти ду мард бо 223 санги Лаъл, Ёқут ва Зумрад

Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот дар ин самт давом дорад.

Пештар Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти марди 48-сола, сокини ноҳияи Шуғнон хабар дод, ки дар муомилоти ғайриқонунии сангҳои қимматбаҳои табиӣ муттаҳам мешавад.

Тибқи иттилои ВУД, муттаҳам аз ҷониби маъмурини милисаи шаҳри Душанбе дастгир шуда, аз ӯ 41 адад сангҳои рангашон гуногун гирифта шуд.

Ёдрас мешавем, тибқи қонунгузории Тоҷикистон муомилаи сангҳои қимматбаҳо барои шахсони инфиродӣ мамнӯъ аст.