Тоҷикистон барои нахустин бор сиёсаташро дар назди СУС муаррифӣ мекунад

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дастур додааст, ки сиёсати кишвар дар назди Созмони умумиҷаҳонии савдо моҳи апрели соли 2020 баргузор шавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, ин нахустин тафсири сиёсати савдои ҷумҳурӣ дар назди СУС буда, омодагӣ ба он ҳафтаи равон дар мулоқот бо Роберто Азевадо, мудири кулли СУС баррасӣ шудааст.

Дастовардҳои Тоҷикистон дар Женева муаррифӣ гардиданд

Манбаъ афзуд, ки аз ҷониби Тоҷикистон Завқӣ Завқизода, муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдо бо Роберто Азеведо мулоқот карда, омодагии кишварро барои дар сатҳи баланд гузаронидани якумин тафсири сиёсати савдои кишвар дар назди СУС баррасӣ намудааст.

Завқизода ҳамчунин дастовардҳои ҷумҳуриро дар самтҳои ҳамгироӣ ба савдои байналмилалӣ ва соддагардонии расмиёти савдо , аз ҷумла дар доираи Созмони Умумиҷаҳонии Савдо муаррифӣ кардааст.

Ба иттилои Вазорати рушди иқтисод ва савдо,  Роберто Азеведо ба дастовардҳо ва пешравиҳои ноилгардидаи соҳаи савдои Тоҷикистон дар давраи узвият дар СУС баҳои баланд дод.

Манбаъ афзуд, ки дар охири мулоқот Завқизода ба Азевадо тасдиқномаи Тоҷикистон дар бораи эътирофи Протоколи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Созишномаи Мароккаш оид ба таъсиси Созмони Умумиҷаҳонии Савдоро тақдим кардааст.