ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Дар минтақаи саноатии шимолу шарқии шаҳри Хуҷанд корхонаи навтаъсиси муштараки мурғпарварии ҶДММ "Суғд Самарқанд Парранда" мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, хабар медиҳад дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд.
Бино бар иттилои манбаъ, корхонаи муштарак дар доираи дастуру супоришҳои президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо иқдоми соҳибкори самарқандӣ Заршед Муҳаммадиев ва соҳибкори маҳаллӣ Абдуаҳад Раҳимов бунёд гардида, баҳри истеҳсоли чӯҷаи бройлерӣ пешбинӣ гардидааст.
Иттилоъ дода шуд, ки ин коргоҳ дар марҳилаи аввал тухмҳоро аз шаҳри Самарқанд ворид намуда, бо таҷҳизоти муосир парвариши чӯҷаро ба роҳ мемонад. Иқтидори истеҳсолии моҳонаи чӯҷаи навъи бройлерӣ дар ин коргоҳ 100 ҳазор сарро ташкил медиҳад.
То соли 2020 маҳсулоти муштараки ширии Тоҷикистону Белорус ба бозор мебарояд
"Ҳамчунин ҶДММ "Суғд Самарқанд Парранда" истеҳсоли гӯшти мурғро низ ба роҳ мондааст, ки дар як моҳ то 100 тоннаро ташкил медиҳад. Чӯҷаҳо бо усули муосир парвариш ва нигоҳубин карда мешавад", - тавзеҳ медиҳад манбаъ.
Алҳол дар самти рушди корхона беш аз 100 ҳазор доллари амрикоӣ сармоя ҷалб гардида, то охири соли ҷорӣ он ба 500 ҳазор доллар расонида мешавад. Миқдори умумии кормандон бо назардошти филилалҳо ба зиёда аз 50 нафар расонида мешавад.