Сиркбози тоҷик доварони ҷашнвораи Қазоқистонро ба ваҷд овард

Ҳунари сиркбози тоҷик доварони Ҷашнвораи байналмилалиро ба ваҷд овард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 5 июл - Sputnik. Рӯзи 4 июли соли 2019 дар шаҳри Нур-султони Қазоқистон дар Ҷашнвораи байналмилалии "Акси садои Осиё" сиркбози ҷавони тоҷик Муҳаммад Шарифзода ҳунарнамоӣ кард.

Дар ин бора Вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар медиҳад.

"Дар шаҳри Нур-султони Қазоқистон дар Ҷашнвораи байналмилалии "Акси садои Осиё" сиркбози ҷавони тоҷик Муҳаммад Шарифзода ҳунарнамоӣ кард, ки аз ҷониби ҳакамон ва тамошобинон баҳои баланд гирифт",-омадааст дар хабарнома.

Сиркбози тоҷик доварони ҷашнвораи Қазоқистонро ба ваҷд овард

Ҷашнвора аз 29 июн то 11 июли соли 2019 идома ёфта, дар он ҳунарпешаҳои сирк аз давлатҳои Англия, Беларус, Булғория, Вйетнам, Миср, Чин, Қирғизистон, Муғулистон, Русия, Украина, Узбакистон низ иштирок мекунанд.

Омодагии донишҷӯи тоҷик барои бунёди сирк дар Қурғонтеппа

Салим Муъминов: дар Қӯрғонтеппа сирк бунёд мекунам

Ҳадаф аз баргузории ҷашнвораи мазкур муаррифии санъати сиркии кишвар гуногун ба ҳамдигар ва мустаҳкам сохтани робитаҳои ҳамкорӣ байни ҳунарпешагони сиркии давлатҳои гуногун мебошанд. 

Манбаъ афзуда, ки Муҳаммад Шарифзода сиркбози ҷавон ва боистеъдоди тоҷик буда, дар чандин озмун ва фестивалҳои байналмилалӣ сазовори ҷойҳои арзанда гардида, обрӯи сирки тоҷикро баланд бардоштааст.