Шитобед: ВУД намедонад муҳлати шиносномадиҳӣ тамдид мешавад ё не

То замони ивази шиносномаи коғазӣ ба пластикӣ дар Тоҷикистон тақрибан як моҳ мондааст. ВУД мегӯяд шӯъбаҳои шиносномадиҳӣ шабонарӯзӣ фаъолият доранд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Умарҷони Эмомалӣ, сардори Маркази матбуоти Дастгоҳи Вазири корҳои дохилӣ гуфт, то ба ҳол маълум нест муҳлати шиносномадиҳӣ тамдиди мешавад ё не.

“Мо то ҳол барои тамдиди муҳлати шиносномадиҳӣ санаде дар даст надорем. Дар ҳоли ҳозир муҳлат охирин ҳамон рӯзест, ки мо қаблан эълон намуда будем, яъне то 10 августи соли равон”, - таъкид кард вай.

Шиноснома 5 сомонӣ бошаду ивазкунӣ – 1 рӯз: пешниҳоди вакили парлумони Тоҷикистон

Инчунин вай афзуд, ки дар ҳоли ҳозир шӯъбаҳои шиносномадиҳӣ шабонарӯзӣ фаъолият доранд. Вай таъкид кард, ки шумораи сокиноне, ки ҳар дақиқа ва соат шиносномаи биометрӣ мегиранд иваз мешавад ва ба ҳамин хотир омори дақиқ дар бораи теъдоди сокиноне, ки то имрӯз дорои шиносномаи биометрӣ шуданд нест.

Барои гирифтани шиносномаи нав чӣ лозим аст?

Ёдрас мешавем, моҳи феврал Ҳукумати Тоҷикистон қарореро қабул кард, ки мувофиқи он ҳамаи шаҳрвандоне, ки симкортҳояшон тибқи шиносномаи пешин сабтином шудааст, бояд ID-корт гиранд ва нав тариқи он сабтином кунанд.

Аммо ба гуфтаи ВУД Тоҷикистон, барои шаҳрвандоне, ки мӯҳлати шиносномаҳояшон нагузаштаву симкортҳояшон ба номи дигарон сабтином шудааст, иваз кардани он ҳатмӣ нест.

То 10 августи соли равон муштариёни ширкатҳои мобилӣ симкортҳои худро бояд бар асоси шиносномаҳои нав дубора ба қайд гузоранд.

Чаро барои сим-корт бояд шиноснома иваз шавад: ҷавоб ба саволҳои шаҳрвандон

Бо мақсади дар амал ҷорӣ намудани Қарори ҳукумати Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2016 “Дар бораи тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он” барои азнавбақайдгирии симкортҳои мобилии шахсоне, ки бо шиносномаҳои намунаи соли 1996 ба қайд гирифта шудаанд, онҳо бояд симкортҳои худро бо шиносномаи шаҳрвандии Тоҷикистон намунаи соли 2014 то 10-уми августи соли равон аз нав ба қайд гиранд.

ВУД Тоҷикистон, аз ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки симкортҳои мобилиашон бо шиносномаи намунаи соли 1996 ба қайд гирифта буданд, хоҳиш намудааст, ки барои иваз намудани шиносномаҳои худ ба шуъбаҳои шиносномадиҳии шуъбаҳои ВУД дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ муроҷиат намоянд.

SIM-корти ройгон, барномаи мобилӣ ва шиносномаи сайёҳӣ: шарҳи милитсияи сайёҳӣ

Тибқи дастури вазири корҳои дохилии Тоҷикистон ҳамаи шуъбачаҳои шиносномадиҳии ШВУД-ҳо дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ вазифадор шудаанд, ки реҷаи кории худро аз соати 08:00-и субҳ то соати 22:00-и шаб ба роҳ монанд.

Ҷаримаи ширкатҳои мобилӣ барои фурӯхтани симкортҳо бе шиноснома

Пештар роҳбари дастгоҳи иҷроияи раисҷумҳури Тоҷикистон Озода Раҳмон тавзеҳ дода буд, ки дар кадом ҳолатҳо истифодабарандагони симкортҳо ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида мешаванд.

Мувофиқи тағйиру иловаҳое, ки ба Кодекси ҷиноии Тоҷикистон ворид карда шудааст, барои  нақзи меъёрҳои ҳуқуқии  пайвасткунии симкорт ба шабакаи алоқаи барқӣ ва ба соҳибияти каси дигар додани он ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ шудааст.