Дар Душанбе сохтмони роҳ аз Дарвозаи ғарбӣ то маҳаллаи Чортут оғоз гардид

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сомнатҳ Гош бо гузоштани санги асос ба корҳои бунёдии роҳи мазкур замина гузоштанд.
Sputnik

ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Дар шаҳри Душанбе сохтмони роҳи мошингард аз Дарвозаи ғарбӣ то маҳаллаи «Чортут»-и пойтахт оғоз гардид. Дарозии роҳи мазкур 9,2 километр буда, паҳноии он 40 метрро дар бар мегирад. 

ино бар иттилои шаҳрдории Душанбе, ин роҳ бо маблағи 46,5 миллион доллари ИМА сохта шуда, тибқи лоиҳаи иншооти мазкур он аз 8 хати ҳаракат дар ду самт ва пиёдароҳҳо иборат буда, дар масири он  як кӯпрук дар болои канали Ҳисор, як гузаргоҳи роҳи оҳан ва 2 адад гардишҳои нақлиётӣ бунёд  мегарданд.

"Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сомнатҳ Гош бо гузоштани санги асос ба корҳои бунёдии роҳи мазкур замина гузоштанд", - омадааст дар иттилои манбаъ.

Сохтмони роҳи мазкур тарҳи муштараки Тоҷикистону Ҳиндустон маҳсуб шуда, дар доираи ҳамкории судманд миёни ду кишвар аз ҳисоби маблағҳои грантии давлати Ҳиндустон бунёд  мегардад.

Қарори Рустам Эмомалӣ: бунёди роҳи автомобилгард бо паҳноии 40 метр ва 8 хати ҳаракат

Ҳамчунин дар роҳи номбаршуда чароғакҳои роҳнамо дар ду қитъа ва аломатҳои бехатарӣ насб гардида,  хати сабзазор бунёд мегардад. Дар ҳар ду канори роҳ дарахту буттаҳои ороишию сояафкан шинонида мешаванд.