Натиҷаҳои саммити МҲТБО-и Душанберо дар қароргоҳи САҲА муаррифӣ намуданд

Иҷлосияи мазкур нахустин иқдом аз силсилаиҷлосияҳои FSC таҳти Раёсати Тоҷикистон дар моҳи июл роҷеъ ба масъалаи ҳамкорӣ ва ҳамгироӣ миёни созмонҳои минтақавӣ ва САҲА дар Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 4 июл - Sputnik. Дирӯз, 3 июли соли 2019 дар Вена таҳти раёсати Тоҷикистон иҷлосияи навбатии Форуми ҳамкории амниятии САҲА (FSC) дар мавзӯи “Чораҳои таҳкими эътимод ва амният дар Осиёи Марказӣ: нақши Машварати ҳамкорӣ ва таҳкими боварӣ дар Осиё (МҲТБО) дар амнияти минтақа” баргузор гардид, иттилоъ додааст агентии “Ховар”.

Раҳмон: САҲА бояд барои таъмини амният қарорҳои муҳим қабул кунад

Манбаъ афзудааст,ки бо даъвати раёсати Тоҷикистон дар ҷаласаи мазкур ба сифати суханварони калидӣ намояндагони котиботи Машварати ҳамкорӣ ва таҳкими боварӣ дар Осиё таҳти роҳбарии Мудири иҷроияи ин ниҳод Ҳабибулло Мирзозода гузоришҳо манзур карданд.

Зимни суханронӣ дар иҷлосия Ҳ. Мирзозода ҳайатҳои кишварҳои иштироккунандаи САҲА-ро бо ҳадафу вазифаҳои МҲТБО ва раванди татбиқи Феҳристи чораҳои эътимод аз ҷониби кишварҳои узви ин Муколама шинос кард.

Яке аз бандҳои муҳими гузориши Ҳ. Мирзозода ба натиҷаҳои саммити панҷуми МҲТБО, ки 15 июни соли равон дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон –Душанбе таҳти шиори “Бо назари нек ба сӯи амният ва шукуфоии бештари минтақаи МҲТБО” баргузор гардид, бахшида шуда буд. Таъкид гардид, ки саммити Душанбе ҳамкории кишварҳои узви МҲТБО-ро ба сатҳи сифатан баландтар баровард.

Роҳбари навтаъйини САҲА дар Душанбе ба кор оғоз кард

Зимни муҳокимарониҳои умумӣ ҳайатҳои кишварҳои ширкаткунандаи САҲА роҷеъ ба доираи васеи масъалаҳои марбут ба чораҳои таҳкими эътимод ва амният дар минтақаи САҲА бар пояи муқаррароти Санади Вена ва Кодекси рафтори САҲА мубодилаи афкор намуданд. Тазаккур дода шуд, ки равиши таҳия ва татбиқи чораҳои эътимод дар доираи МҲТБО аз бисёр ҷиҳат ба фаъолияти FSC шабоҳат дорад

Иҷлосияи мазкур нахустин иқдом аз силсилаиҷлосияҳои FSC таҳти Раёсати Тоҷикистон дар моҳи июл роҷеъ ба масъалаи ҳамкорӣ ва ҳамгироӣ миёни созмонҳои минтақавӣ ва САҲА дар Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад.