Мулоқоти Кабул Замиров бо Сироҷиддин Муҳриддин дар Душанбе

Дар вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба вазъи амниятии минтақа ва Афғонистон дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалию минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 4 июл - Sputnik. Имрӯз, 4 июли соли 2019 вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Намояндаи махсуси Президенти Русия дар масъалаҳои Афғонистон Замир Кабулов сурат гирифт, иттилоъ додааст дафтари матбуотии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.

Замир Кобулов: Русия барои мубориза бо ДОИШ бо толибон ҳамкорӣ мекунад

Манбаъ афзудааст, ки Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин Намояндаи махсуси Президенти Русия дар масъалаҳои Афғонистон, Сардори Департаменти дуюми Осиёи Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия Замир Кабуловро ба ҳузур пазируфт.

Замир Кабулов ба Душанбе барои иштирок дар ҷаласаи машваратии байнивазоратӣ дар масоили ҳамкории муштарак дар самти Афғонистон омадааст.

Дар вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба вазъи амниятии минтақа ва Афғонистон, мубориза алайҳи терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ ва тавсеаи ин қабил ҳамкориҳо дар шакли дуҷониба ва дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалию минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.