Маъмурияти дипломатии Сафири Ҳиндустон дар Тоҷикистон ба поён расид

Вазири корҳои хориҷии кишвар Сафири Ҳиндустон дар Тоҷикиситонро муносибати ба поён расидани маъмурияти дипломатиаш дар кишвари мо ба ҳузур пазируфт
Sputnik

ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Муҳлати эътибори маъмурияти дипломатии Сафири Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сомнат Гошро ба расидааст, иттилоъ додааст агентии “Ховар”.

Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири нерӯи Эрон чиро баррасӣ кард?
Манбаъ афзудааст, ки имрӯз, 3 июл дар Душанбе Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин Сафири Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сомнат Гошро ба муносибати ба поён расидани маъмурияти дипломатиаш дар кишвари мо ба ҳузур пазируфт.

Ҷонибҳо аз рушди пӯёи муносибатҳои Тоҷикистон ва Ҳиндустон изҳори қаноатмандӣ намуда, бар зарурати иҷрои амалии натиҷаҳои музокироти сатҳи олии ду кишвар, ки моҳи октябри соли 2018 дар Душанбе баргузор шуда буданд, таъкид карданд.

Вазир ба Сафири Ҳиндустон барои ҳамкории пурсамар сипосгузорӣ карда, изҳори боварӣ намуд, ки ӯ дар оянда низ дар таҳкиму густариши робитаҳои гуногунҷанбаи ду кишвар саҳми назаррас хоҳад гузошт.