ДУШАНБЕ, 4 июл — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд, дар ноҳияи Мастчоҳ ба бунёди бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ санги асос гузошта шуд.
Тибқи иттилои манбаъ, бинои нав дар чаҳорчӯби корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон бо ташаббуси роҳбарияти ноҳия ва саҳмгузории саховатмандону аъзои ҳизб сохта мешавад.
Бинои сохташаванда аз ду ошёна иборат буда, маблағи лоиҳавии он 500 ҳазор сомониро дар бар мегирад.
Тибқи нақша бинои маъмурии ноҳиявии ҲХДТ бояд то охири соли ҷорӣ ба истифода дода шавад.
Ёдрас мешавем, ки ахиран Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистонро дар ноҳияи Рашт мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.
ҲХДТ Рӯзи раисҷумҳурро хоксорона ҷашн хоҳад гирифт
р шафати бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт ҷойгир буда, аз ҷониби сокинони ватандӯсти ноҳия бо ҷонибдорӣ аз сиёсати роҳбарияти давлату Ҳукумати Тоҷикистон бо тарҳи хеле зебову муосир сохта шудааст.