ДУШАНБЕ, 4 июл — Sputnik. Бино бар иттилои шаҳрдории Душанбе интиқоли оби нӯшокӣ дар кӯчаҳои Ҳабиб Аҳрорӣ, Абдулло Командир, Шероз, Шевченко, Бухоро, хонаҳои №1-28 ва Ҳабибулло Назарови ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе аз соати 23:00-и 3 июл то соати 24:00-и 4 июли соли равон муваққатан қатъ мегардад.
Тавре манбаъ қайд намудааст, сабаби муваққатан қатъ намудани интиқоли оби нӯшокӣ дар кӯчаҳои номбурда пайваст намудани шоҳқубури хобонидашудаи қутраш 426 мм ба шоҳқубури амалкунандаи қутраш 426 мм дар хиёбони Ҳофизи Шерозии пойтахт мебошад.
Шикояти мардуми Душанбе аз беобӣ ва "беадаби" - и масъулин
“Дар асоси қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва директори Корхонаи воҳиди давлатии “Обу корези Душанбе” вазифадор гардидаанд, ки дар давраи иҷрои корҳои ба нақша гирифташуда бо истифода аз мошинҳои обкашӣ сокинони минтақаҳои мазкурро бо оби нӯшокӣ таъмин намоянд”, - зикр намудааст манбаъ.
Рустам Эмомалӣ дар қароре гуфт, ки кадом кӯчаҳои Душанбе беоб мемонанд
Ҳамчунин бо ин қарор Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе уҳдадор гардидааст, ки ҷараёни иҷрои корҳои таъмирӣ ва таъмини аҳолиро бо оби нӯшокӣ мутобиқ ба талаботи санитарию эпидемиологӣ таҳти назорат қарор диҳад.