“Дипломат”, “Rudaki Tower”: ба раиси Душанбе гуфтанд 9 меҳмонхонаро кӣ ва куҷо месозад

Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе бо лоиҳаи бунёди меҳмонхонаҳои ҷадиди 4 ва 5 ситорадоре шинос шудааст, ки тайи ду соли оянда дар кишвар бунёд мегарданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 4 июл — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти шаҳрдорӣ, зимни муаррифии тарҳи ҷадид ба Рустами Эмомалӣ иттилоъ дода шуд, ки дар давоми ду сол сохтмони 9 меҳмонхонаи замонавӣ бо 630 ҳуҷра барои қабули беш аз 1 ҳазор нафар нафар дар як вақт пешбинӣ шудаанд.

Ба соҳибкорони Дарвоз гуфтанд, дар Сағирдашт чӣ бисозанд

Манбаъ ҳамчунин макон ва номи ширкатҳоеро номбар кардааст, ки ба бунёди меҳмонхонаҳои нав машғул хоҳанд шуд.  

Шаҳрдорӣ иттилоъ дод, ки ширкати "Рушди Осиё” сохтмони меҳмонхонаи “Дипломат”-ро дар заминаи бино ва иншооти фарсуда дар кӯчаи Бохтари ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба уҳда гирифтааст.

Ин ниҳод афзуд, ки ширкати "Элит-стройсервис" бинои бисёрфунксионалии бисёрошёна, аз ҷумла меҳмонхонаи панҷситорадорро дар кӯчаи Айнии ноҳияи Шоҳмансурро бунёд хоҳад кард.

“Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Себистон-2018" меҳмонхонаи замонавии “Grand Rudaki Tower”-ро дар хиёбони Рӯдакии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва инчунин дигар ширкатҳои ватанӣ дар пойтахти ҷумҳурӣ тайи 2 сол меҳмонхонаҳои муосири ҳозиразамонро бо сифати баланд ва дизайни миллӣ бунёд хоҳанд кард”, - омадааст дар иттилоия

Шаҳрдорӣ таъкид кардааст,  ҳамаи меҳмонхонаҳое, ки лоиҳаи онҳо рӯнамоӣ гардид, бо инобати талаботи байналмилалии соҳа бо дараҷаи 4 ва 5 ситорадор сохта мешаванд.

Манбаъ афзуд, ки дар маҷмуъ то таҷлили ин ҷашни таърихӣ дар шаҳри Душанбе зиёда аз 3500 иншооти таъиноти гуногун сохта ба истифода дода мешаванд.