ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Меҳнигори Рустам, яке аз овозхонҳои ҷавон ва номии тоҷик Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, факултаи ҳуқуқшиносиро бо дипломи аъло хатм намудааст.
Дар ин бора худи Меҳрнигор дар саҳифаи фейсбукиаш хабар дода, афзудааст, ки акнун ӯ мутахассиси риштаи ҳуқуқ низ ҳаст.
Ҳунарманд афзудааст, ки устодон нисбати таҳсилаш дар факулта сахтгир буданд ва ӯ ба ин мартаба расид.
"Ранги сурх рамзи муваффақият, талош, зафармандӣ ва сурхрӯиву сарбаландӣ аст. Гирифтани дипломи сурх, рухдоди муҳиме дар ҳаёти ман аст. Аз тамоми устодони кафедра миннатдорам, ки бо сахтгириашон маро мутахассиси риштаи ҳуқуқ карданд", - менависад ӯ.
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, яке аз аввалин муассисаҳои олии кишвар аст, ки соли 1947 ҳамчун Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин ташкил шуда буд. Аз соли 2008 Донишгоҳи миллии Тоҷикистон номгузорӣ шудааст. ДМТ феълан дорои 17 факулта аст.