ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 52-солаи сокини н. Ҷайҳун, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти қаллобӣ дастгир карда шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуотии Вазорати умури дохилаи кишвар.
Номбурда, моҳи марти соли 2018, дар нуқтаи фурӯши сӯзишвории “Ғайрат-82”, воқеъ дар кӯчаи Ҷ. Расулови пойтахт, бо роҳи фиреб ба боварии марди 26-солаи сокини шаҳри Душанбе даромада, аз ӯ ба миқдори 10.180-литр сӯзишвории бензин навъи АИ-92-ро гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Дар натиҷа, ба ҷабрдида ба маблағи 651.529-сомонӣ зарар расонида шудааст.
Ин далел мавриди тафтиш қарор дорад.
Ҳамчунин манбаъ афзудааст, ки ба мақомоти милитсия зани 29-солаи сокини ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Б.Ғафуров, дар он хусус муроҷиат кардааст, ки моҳи июни соли 2019, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз дохили нуқтаи савдояш, воқеъ дар ноҳияи зикргардида, 4.242 сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 26-солаи сокини ноҳияи мазкур ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, корҳои тафтишотӣ идома дорад.