Обуҳавошиносон: ҳарорат паст мешаваду чангу ғубор боқӣ мемонад

Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳарорати ҳаво паст фаромада, вазиши чангу ғубор боқӣ мемонад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik.  Бино бар иттилои Ожонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон ҳаво дар шаҳри Душанбе тағйирёбандаи бебориш шуда, раъду барқ ба амал меояд. Чангу  ғубор ба амал меояд. Ҳаво шабона 18+20 ва  рӯзона 32+34 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои  тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат борида, раъду  барқ ба амал меояд. Ҳаво  дар водиҳо шабона 18+23  ва рӯзона 29+34  дараҷа гарм мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 12+17 ва рӯзона 20+25 дараҷа гарм мешавад.

Обу ҳавои тағйирёбанда, боди афғонӣ ва сар задани раъду барқ дар Тоҷикистон

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар  шарқи вилоят ҳавои  бебориш дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 11+16 ва рӯзона 22+27 дараҷа  гарм мешавад. Дар шарқи вилоят  ҳаво шабона 1+6 ва  рӯзона 14+19 дараҷа  гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд  тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад. Раъду  барқ ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 18+23 ва рӯзона 28+33 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 9+14 ва   рӯзона    16+21 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Чангу  ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 23+25 ва рӯзона 32+37 дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 17+22 ва рӯзона 24+29  дараҷа гарм мешавад.