Хамкардаи донишгоҳи тиббии Тоҷикистон дар натиҷаи садама дар Маскав ба ҳалокат расид

Айбдоршавандаи садамаи маргбор дар хиёбони Кутузов хатмкардаи донишгоҳи тиббии Тоҷикистон будааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ дар шаҳри Маскав зодаи Тоҷикистон, хатмкардаи донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино ба ҳалокат расидааст, иттилоъ додааст РИА Новости.

Умедҷон мошинро чаппа кард: ҳалокати модари ронанда дар пайи садама дар роҳи Душанбе-Чаноқ

Ба гуфтаи наздикони қурбонии садама, ин зан аз оилаи зиёиён буда, мувофиқи ихтисосаш дар Маскав кору фаъолият мекардааст.

“Вай аз оилаи зиёи ва бо маданият буд. Ӯ муҳоҷири меҳнатӣ набуд. Оилаи онҳо донандаи хуби забонҳои хориҷа ва дорои ихтисосҳои касбӣ мебошанд. Модараш духтур- момодоя, падараш физик”, - гуфтааст як шахси наздики оилаи онҳо.

Ёдовар мешавем, ки садамаи маргбор дирӯз бегоҳ дар хиёбони Кутузови шаҳри Маскав ба вуқуъ пайваст.

Мувофиқи маълумоти пешакии ИБДА шаҳри Маскав ин зодаи Тоҷикистон бо мошини KIA дар хиёбони Кутузов ба сӯи МКАД ҳаракат мекардааст.

Дар хиёбони Кутузов тақрибан наздик ба хонаи №30/32 ин зан аз уҳдаи идораи нақлиёт набаромада ба самти муқобил баромада, ба ду мошини дигар бар хӯрдааст.

Дар натиҷаи бархӯрди мошинҳо хатмкардаи донишгоҳи тиббии Тоҷикистон, ки айбдоршавандаи садама тахмин мешавад ва ронандаи таксӣ ба ҳалокат расидаанд. Инчунин 6 ҷабрдида низ ба беморхона равон карда шудаанд, ки 4 нафараш кӯдакон будаанд.