Қрим дар замони Шӯравӣ чӣ гуна буд?: аз кулоҳҳои занона то гимнастикаву Гагарин

Sputnik

Дар баргаҳои раъй ду савол вуҷуд дошт: "Шумо ҷонибдори пайвастани Қрим ба ҳайати Русия ҳастед" ва "Шумо тарафдори барқарорсозии Конститутсияи соли 1992, ки Қрим як ҷузъи Украина маҳсуб меёбад, ҳастед?".

Аксари раъйдиҳандагон (96,77%) аз пайвастани Қрим ба Русия тарафдорӣ карданд. Ба қавли раиси Комиссияи баргузории раъйпурсии Қрим Михаил Малишев, дар ин маъарака 83,1 дарсади сокинони минтақа, ки ҳуқуқи ширкат дар овоздиҳиро доштанд, иштирок варзиданд.

Пас аз ду рӯзи раъйпурсӣ президенти Русия Владимир Путин ва роҳбарияти Қриму шаҳри Севастопол шартномаи ба ҳайати ФР шомил гардидани манотиқи мазкурро имзо карданд.

Имрӯзҳо Қрим яке аз минтақаҳои зебои истироҳатӣ ва сайёҳӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин рӯзҳо дар Қрим метавон биноҳои муоссирро мушоҳида кард, ки дар давраи охир сохтмони онҳо бо суръат идома дорад.

Аммо минтақаи Қрим дар замони Шӯравӣ чи гуна буд?

Sputnik Тоҷикистон гузориши акси омода намуда барои хонандагон беҳтарин аксҳои замони Шӯравӣ джар минтақаи Қримро ҷамъоварӣ намудааст.

1 / 23
Машқҳои субҳона дар яке аз истироҳатгоҳои Қрим, соли 1954
2 / 23
Деҳаи Кореиз дар наздикии шаҳри Ялтаи Қрим.
3 / 23
Дар бандари Ялта, Қрим соли 1956
4 / 23
Истироҳати оилавӣ бо мошинҳои шахсӣ дар Қрим
5 / 23
Истироҳат дар Қрим
6 / 23
Истироҳати ҷавонон дар шаҳри Ялта. Қрим соли 1939
7 / 23
Истироҳатгоҳи "Курпат" дар шаҳри Ялтаи, Қрим
8 / 23
Тарбиятгарони кӯдакистони совхози "Феодосия" зимни гаштугузор. Қрим соли 1939
9 / 23
Машқҳои субҳона дар соҳили Баҳри сиёҳи Қрим
10 / 23
Юрий Гагарин ҳангоми охирин истироҳаташ дар Қрим
11 / 23
Машҳуртарин минтақаи Қрим, шаҳри Ялта
12 / 23
Фароғат дар истироҳатгоҳи "Спутник". Қрим деҳаи Гурзуф.
13 / 23
Ҷамъоварии ҳосили ангур дар совхози "Гурзуф"
14 / 23
Аксбардории хотиравӣ. шаҳри Ялта Қрим
15 / 23
Вилояти Қрими Украинаи Шӯравӣ. Шаҳри Севастопол, ки дар солҳои ҷанг комилан тахриб шуда буд, аз нав сохта шуд
16 / 23
Офтобхӯрӣ дар соҳили Баҳри сиёҳ. Қрим соли дар 1950
17 / 23
Соҳили баҳр дар шаҳри Ялта, соли 1939
18 / 23
Офтобхӯрии истироҳаткунандагон дар соҳили Симеиз дар ҷануби соҳили Баҳри сиёҳи Қрим.
19 / 23
Машқи бадан дар яке аз истироҳатгоҳ Қрим
20 / 23
Бинои Хонаи фарҳанг дар Керч, соли 1951
21 / 23
Истироҳату офтобхӯрӣ дар истироҳатгоҳи Қрим.
22 / 23
Истироҳатгоҳи "Курпат". табобат бо об дар истирощатгощи Ялтаи Қрим, соли 1950
23 / 23
Ҷаҳонгардон дар соҳили Баҳри сиёҳ дар Қрим