ДУШАНБЕ, 2 июл — Sputnik. Имрӯз, 2 июли 2019 дар Деҳлӣ сафири Тоҷикистон дар Ҳиндустон Султон Раҳимзода бо муовини вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон Гитеш Шарма мулоқот намуд.
Дар ин бора Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки дар он мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунии муносибатҳои ду кишваро баррасӣ кардаанд.
"Ҷонибҳо муносибот дар соҳаҳои гуногун мавриди баррасӣ қарор дода, аз сатҳу муҳтавои робитаҳои Тоҷикистону Ҳиндустон изҳори қаноатмандӣ карданд", - омадааст дар хабарнома.
Ёдрас мешавем, ки чанде пеш сафири Тоҷикистон Султон Раҳимзода ба президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Шри Рам Натҳ Ковинд эътимодномаи худро супорид.
Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Шри Рам Натҳ Ковинд ҳамкориҳо бо Тоҷикистонро муҳим арзёбӣ намуда, аз сафари давлатиаш ба Тоҷикистон ёдовар шуд ва ба Эмомалӣ Раҳмон барои меҳмоннавозии гарму самимӣ ва густариши ҳамкориҳо изҳори сипос намуд.