Ҳамсари Маҳмадсаид Убайдуллоев даргузашт

Ҳамсари Маҳмадсаид Убайдуллоев имрӯз, 2 июл даргузашт
Sputnik

ДУШАНБЕ, 2 июл — Sputnik. Завҷаи Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси Миллии Тоҷикистон, субҳи 2-юми июл дар Душанбе даргузашт.

Ҳамсояҳои Маҳмадсаид Убайдуллоев дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон хабари даргузашти ҳамсари раиси Маҷлиси Миллии Тоҷикистонро тасдиқ карданд. Сухангӯи Маҳмадсаид Убайдуллоев то ҳол дар ин бора хабаре надодааст.

Маҳмадсаид Убайдуллоев бошад дар ҳоли ҳозир дар Русия қарор дорад. 

То ҳол замони баргузории маросими ҷанозаи ҳамсари Маҳмадсаид Убайдуллоев маълум нест.

Маҳмадсаид Убайдуллоевро дар Тоҷикистон чун сиёсатмадори маъруф мешиносанд.

Ӯ наздики 20 сол дар мақоми раиси шаҳри Душанбе кор кард ва дар моҳи январи соли 2017 аз ин симат барканор шуд.

Маҳмадсаид Убайдуллоев соҳиби се фарзанд, як духтар ва ду писар мебошад.

Яке аз писарони Маҳмадсаид Убайдуллоев Амирҷони Убайдулло мушовири калони ёвари президент оид ба масъалаҳои иқтисодӣ аст. Писари дигари ӯ Ҷамолиддин Убайдуллоев феълан сафири Тоҷикистон дар Фаронса ва ҳамзамон намояндаи расмии кишвар дар созмони ЮНЕСКО мебошад.