Ёдгор Файзов аввалин мақомдори тоҷик, ки ба Убайдуллоев расман изҳори ҳамдардӣ кард

Раиси вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев таъзиянома ирсол кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 2 июл — Sputnik. Ёдгор Файзов, раиси ВМКБ, узви Маҷлиси миллии ҶТ, муовини раиси Маҷлиси миллӣ ба раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев бонобар даргузашти нобаҳангоми ҳамсараш Рӯзигул Каримова изҳори ҳамдардӣ кардааст.

Тавре дафтари матбуоти раиси вилоят хабар медиҳад, Файзов дар таъзияномааш ба Убайдуллоев изҳор доштааст, ки ин хабар ӯро сахт андӯҳгин кардааст.

"Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон нисбати даргузашти ҳамсари Шумо сахт андӯҳгин буда, ба аҳли хонавода ва пайвандону наздикони Шумо аз Худованди мутаол сабри ҷамил хоҳонем", - омадааст дар иттилои манбаъ.

Модари муваффақу ҳамсари хоксор: нақли хамсоя дар бораи Рузигул, ҳамсари Убайдуллоев

Ёдрас мекунем, дафтари матбуоти раиси ВМКБ аз аввалинҳост, ки расман ба Маҳмадсаид Убайдуллоев изҳори ҳамдардӣ менависад.

Пештар кӯшиши Sputnik Тоҷикистон дар ин робота дар сӯҳбат бо намояндаи шаҳрдории Душанбе бенатиҷа буд. Аммо расонаҳои кишвар хабар доданд, ки раиси шаҳри Душанбе Рустам Эмомалӣ ва ҳатто раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон барои баёни таъзия ба манзили  Убайдуллоев рафтаанд.

Ҳамсари Убайдуллоев дар қабристони Сари Осиё ба хок супурда мешавад

Рӯзигул Каримова субҳи имрӯз дар синни 67-солагӣ ва аз бемории қалб даргузашт. Маҳмадсаид Убайдуллоев, ҳамсари марҳум, ки бо сафари корӣ дар Маскав қарор дошт, оҷилан тарки Русия кард.

Ҷанозаи марҳум субҳи 3 июл дар Масҷиди марказии Душанбе баргузор мешавад ва Каримоваро дар оромгоҳи Сари Осиё ба хок месупоранд.

Ҳамсояҳои Убайдуллоев, ҳамсарашро чун зани хоксор ва инсондӯст тавсиф карда, мегӯянд дар тарбияи фарзандонаш нақши муҳим дошт.