Ба соҳибкорони Дарвоз гуфтанд, дар Сағирдашт чӣ бисозанд

Дар ноҳияи Дарвоз шаҳри қадимие бо номи Карон мавҷуд аст, ки дорои таърихи беш аз 4000-сола буда, бо зиёда аз 25 мавзеи таърихиву фарҳангӣ диққати сайёҳонро ба худ ҷалб менамояд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 2 июл — Sputnik. Намояндагони Кумитаи рушди сайёҳии назди Тоҷикистон дар Ҷамоати деҳоти Сағирдашти ноҳияи Дарвоз бо соҳибкорону сокинони фаъол мулоқот карданд.

Дар ин бора Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Гуфта мешҳавад, ки дар вохӯрӣ масъалаҳои ҷалби соҳибкорон барои бунёд ва рушди инфрасохтори сайёҳӣ, рушди истеҳсоли маҳсулоти ҳунарҳои дастӣ, соҳибкории саноатӣ ва сайёҳӣ дар деҳот ва дар ноҳияҳои дурдасти кишвар баррасӣ гардиданд.

Бо фароҳам овардани имтиёзҳои андозиву гумрукӣ, аз ҷумла дар тўли панҷ соли аввали фаъолият аз андози фоида озод кардани ширкатҳои навтаъсиси сайёҳӣ, аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод намудани воридоти таҷҳизот ва маводи сохтмонӣ барои сохтмони иншооти сайёҳӣ, аз ҷумла меҳмонхона, осоишгоҳ, истироҳатгоҳу табобатгоҳ, марказҳои сайёҳӣ ва дигар иншооти сайёҳӣ, ба андозаи 50 фоиз коҳиш додани меъёри боҷи гумрукӣ барои воридоти мошинҳои нави сабукрав фароҳам оварданд, ки барои соҳаи сайёҳӣ таҳаввулоти тозае гардид.

Файзов се шарти аслии омода кардани ВМКБ-ро барои ҷалби гардишгарон гуфт

Инчунин бо мақсади татбиқи босамари имтиёзҳои мазкур, 12 апрели соли ҷорӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон номгӯи иншооти сайёҳие, ки барои бунёди онҳо воридоти таҷҳизоту техника ва масолеҳи сохтмонӣ аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда мешаванд, тасдиқ гардид.

Бояд тазаккур дод, ки ноҳияи Дарвоз дар қисмати ҷануби ВМКБ ҷойгир буда, дарвозаи Бадахшон маҳсуб меёбад ва тавассути ин ноҳия сайёҳони дохилию хориҷӣ ба шаҳру ноҳияҳои дигари вилоят ворид мегарданд.

Дар ноҳияи Дарвоз шаҳри қадимие бо номи Карон мавҷуд аст, ки дорои таърихи беш аз 4000-сола буда, бо зиёда аз 25 мавзеи таърихиву фарҳангӣ диққати сайёҳонро ба худ ҷалб менамояд.

Ба иттилои масъулини ноҳия, дар ҳудуди ноҳия 8 адад меҳмонхонаҳои дорои шароити муносиб ва тарабхонаҳо ба сайёҳон хизмат мерасонанд. Дар маҷмӯъ, минтақаи Дарвоз дорои имкониятҳои сайёҳӣ буда, бо таъриху фарҳанг, табиати нотакрор, обҳои мусаффою шифобахш ва анъанаҳои мардумӣ таваҷҷуҳи сайёҳонро ба худ ҷалб кардааст.