Дар ҷустуҷӯи кор аз Вахш ба Ҳисор: марде дар интизори корфармо дар мардикорбозор даргузашт

Мардикороне, ки дар ин бозор ҳамарӯза ризқу рӯзии хешро меҷӯянд, мегӯянд, аксари корфармоён мардони синну солашон ҷавон ва бо китфу бозуро киро мекунанд. Азбаски умри ин мард ба ҷое расида буд, ба ӯ камтар таваҷҷуҳ зоҳир менамуданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Марди тақрибан 60-сола дар мардикорбозори шаҳри Ҳисор ҳалок шуд, хабар медиҳад вебгоҳи ҳафтаномаи "Оила".

Бино бар иттилои манбаъ, ҳодиса тақрибан соатҳои 9-и субҳи имрӯз дар бозори марказии Ҳисор, ки он ҷо мардикорон ҷамъ меоянд, рух додааст.

Мард сокини ноҳияи Вахш буда, дар ҷустуҷӯи кор ба Ҳисор омада будааст.

"Мардикороне, ки дар ин бозор ҳамарӯза ризқу рӯзии хешро меҷӯянд, мегӯянд, аксари корфармоён мардони синну солашон ҷавон ва бо китфу бозуро киро мекунанд. Азбаски умри ин мард ба ҷое расида буд, ба ӯ камтар таваҷҷуҳ зоҳир менамуданд", - менависад манбаъ.

Мардикорбозорҳои Тоҷикистон танзим мешаванд

Гуфта мешавад, бо далеле, ки кори ин марди вахшӣ дар бозори Ҳисор омад накардааст, ӯ вақтҳои охир хаставу бемор ба назар мерасидааст.

Феълан далели марги марди корҷӯ маълум нест, аммо ба иттилои "Оила" эҳтимол гармии ҳаво низ ба саломатии марди зоҳиран солхӯрда бетаъсир набуд.

ВУД ҳодисаро ҳоло тавзеҳ надодааст.