Маълум шуд, ки аввалин гурӯҳи зоирон кай ба Ҳаҷ мераванд

Зоирон давоми даҳ рӯз ба чанд гурӯҳ ҷудо шуда, ба Арабистон сафар хоҳанд кард. Шумораи ҳоҷиёни тоҷик имсол бештар аз 6 ҳазорро ташкил медиҳад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Гурӯҳи аввали зоирон дар мавсими "Ҳаҷ-2019" ба шаҳрҳои муқаддаси Макка ва Мадина 25 июл ба сафар мебароянд.

Баръакси Тоҷикистон: арзиши сафари Ҳаҷ дар Узбакистон арзон шуд

Бино бар иттилои намояндаи Кумитаи дин, ҳоҷиёни тоҷик ба чанд гурӯҳ тақсим шуда, давоми даҳ рӯз ба Ҳаҷ хоҳанд рафт.

Имсол шумораи ҳоҷиёни тоҷик ба бештар аз 6 ҳазор расидаст. Соли гузашта низ наздики 6 ҳазор нафар озими Ҳаҷ шуда буданд.

Дар Тоҷикистон имсол низ арзиши сафари Ҳаҷ қариб ба 2 ҳазор сомонӣ гарон шуд. 

Кумитаи дин нархи адои ҳаҷ дар соли 2019-ро эълон кард: пардохт тариқи "Ориёнбонк"

Соли равон арзиши адои Ҳаҷ барои як нафар 35 ҳазору 128 сомониро ташкил хоҳад дод, ки соли гузашта он 33 ҳазору 410 сомониро ташкил медод.

Ба маблағи зикршуда хароҷоти чиптаи ҳавопаймо аз ду тараф, иқомат ва будубош дар Макка ва Мадина, таъмини ҳоҷиён бо ғизо дар давоми мавсими ҳаҷ шомил мебошад.